Шурои соҳибкорзанони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ташкил ва баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 26.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҷаласаи нахустини Шурои соҳибкорзанони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти далатии шаҳри Душанбе хабар доданд.
Шурои мазкур ҷиҳати дастгирии ташаббусҳои занон дар рушди фаъолияти соҳибкорӣ ва фаъолгардонии саҳми онҳо дар пешрафти ҷомеа бо Қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 17 майи соли 2024 «Дар бораи ташкили Шурои соҳибкорзанон дар шаҳри Душанбе» баргузор шуд.
Муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода иброз намуд, ки Шурои соҳибкорзанони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе созмони ҷамъиятӣ буда, бо мақсади дастгирии занони соҳибкор, ҳамоҳангсози фаъолияти соҳибкорӣ байни занони шаҳри Душанбе, мусоидат дар тавонмандии занони соҳибкор, мусоидат баҳри дастгирии молиявӣ ва иҷтимоии занони ниёзманду осебпазир, рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии занон ташкил карда шудааст.
Ҳадафи асосии Шуро, ин ҳамоҳангсозии ҳаракат ва фаъолияти соҳибкорзанони шаҳри Душанбе, инчунин мусоидат намудан баҳри рушди онҳо, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои бонувони соҳибкори шаҳри Душанбе, дастгирии занону ҷавондухтарони соҳибкори пойтахт, баҳри рушди маҳорату малакаи касбии онҳо, ҷалби занону духтарони лаёқатманд ба фаъолияти соҳибкорӣ тавассути баргузории шуроҳо, ҳамоишҳо, мизҳои мудаввар, машварату тренингҳои омӯзишӣ ва дигар чорабиниҳои илмию маърифатӣ мебошад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе










Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид
Тантанаҳои наврӯзӣ дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе то 28 март идома меёбанд
Дар Тоҷикистон барномаҳои фарҳангии Ҷашни байналмилалии Наврӯз доир мегарданд
Имрӯз Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Пагоҳ Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад






