СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Бахшида ба он бо сокинону фаъолони ноҳияи Қубодиён вохӯрӣ доир гардид
ДУШАНБЕ, 13.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. 12 июн бо ташаббуси Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади пешбурди корҳои доимӣ дар самти баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ бахшида ба Соли маърифати ҳуқуқӣ дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён вохӯрии Вазири адлияи мамлакат Музаффар Ашуриён бо сокинон ва намояндагони ноҳия доир гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар ин вазорат иттилоъ доданд.
Вазири адлия изҳор намуд, ки дар раванди бунёди ҷомеаи пешрафта ва адолатпарвар масъалаи ташаккули маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон нақши калидӣ дорад. Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ яке аз масъалаҳои асосии сиёсати ҳуқуқии мамлакат ба ҳисоб рафта, аз рӯзҳои аввали ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ ба ин раванд таваҷҷуҳи махсус равона шудааст. Дар ин замина якчанд санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ ва барномаҳои давлатӣ қабул гардидаанд.
Иттилоъ дода шуд, ки сиёсати давлатӣ дар самти баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва таълиму тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон дар асоси санадҳои ҳуқуқии гуногун, аз ҷумла Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 апрели соли 1997 «Дар бораи сиёсати ҳуқуқӣ ва таъмини тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон», қарори Ҳукумати мамлакат аз 22 августи соли 1997 «Дар бораи баъзе чораҳои беҳтар намудани тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон ва кори ҳуқуқӣ дар ҷумҳурӣ», қарори Ҳукумати мамлакат «Дар бораи тасдиқи Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030» амалӣ карда мешавад.


Таъкид гардид, ки барои бунёди ҷомеаи демократӣ зарур аст, ки дар баробари ҳамаи тадбирҳои дигари бунёдкорӣ ҳамагон ҳамчун шаҳрванд ҳуқуқу озодӣ ва вазифаҳояшонро хеле хуб ва дар сатҳи зарурӣ донанд ва аз он самараноку пурмаҳсул истифода намоянд. Ҳамчунин қонун ва қоидаҳои қабулгардидаро дуруст ва бо камоли ақл дар зиндагии рӯзмарра амалӣ намоянд.
Ҳадафи асосии вохӯрӣ таҳким бахшидани ҳамкории мақомот бо ҷомеа буда, он ба масъалаҳои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, таҳкими худшиносиву худогоҳии ҷавонон, пешгирии кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ байни ҷавонон ва дар якҷоягӣ бо аҳли ҷамоат муайян намудану рафъи сабабу шароите, ки ба ҳамроҳшавии ҷавонон ба ифротгароӣ мусоидат менамоянд, нигаронида шуд.
АКС: Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон








Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад






