СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар ноҳияи Балҷувон ҷаласаи сайёри Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид

Июнь 27, 2024 10:00

ДУШАНБЕ, 27.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Қасри фарҳанги ноҳияи Балҷувон ҷаласаи сайёри Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо Шурои ҷамъиятии вилояти Хатлон баргузор гардид.

Роҳҳои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон: дар партави эълон гардидани соли 2024 — Соли маърифати ҳуқуқӣ инчунин, таҳким бахшидани фаъолияти Шурои ҷамъиятии вилояти Хатлон ва гурӯҳи шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб бо дарназардошти вазъи кунунии ҷомеаи ҷаҳонӣ — аз ҷумлаи масъалаҳои меҳварии ҷаласаи Шуро буданд.

Дар ҷаласаи Шуро мушовири бахши ёрдамчии Президенти мамлакат оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Шуҳрат Азиззода, роҳбарон ва масъулони Федератсияи иттифоқҳои касабаи мамлакат, Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ноҳияи Балҷувон ва коршиносони масъалаҳои ҳуқуқӣ ва ҷомеашиносӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Ба андешаи раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мамлакат Маликшо Неъматзода, Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон шудани соли 2024 бояд марҳилаи нави рушди ҷомеа дониста шавад. Яъне, баъд аз гузаштани марҳалаҳои душвору мураккаби солҳои нахустини истиқлоли давлатӣ таҳти роҳбарии Пешвои миллат бо қатъият раҳо ёфтан аз ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, муваффақона бартараф намудани оқибатҳои ҷанги шаҳрвандӣ, босуръат гузаштан ба марҳалаи ободкорӣ ва созандагӣ, мавқеи устувор гирифтан дар доираҳои бонуфузи байналмилалӣ, қабул гардидани қонунҳои ҷавобгӯ ба талабот қонун меҳвари фаъолият, зиндагӣ ва мавҷудияти минбаъдаи сокинони мамлакат қарор гирифтааст.

«Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардидани соли 2024 ва тавъам донистани он ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо маънои амиқу ниҳоӣ дорад, балки тадбири муҳими саривақтӣ барои бунёди ҷомеаи мутамаддин, сохтани шахси комил ва эъмори давлати ободу муосири миллӣ мебошад», — таъкид гардид дар ҳамоиш.

АКС: АМИТ «Ховар»

Июнь 27, 2024 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе масоили афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ баррасӣ шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Айнӣ қариб 3000 бех ниҳол шинонида шуд
ТАҶАЛЛИБАХШИ НИГИНИ ТОҶИ МИЛЛАТ. Андешаҳо дар мавриди арҷгузорӣ ба Зан-Модар
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Данғара ҷаласаи Комиссияи ҳудудӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон доир гардид
Ширкати «Париматч Тоҷикистон» ва КМВА Душанбе созишномаи ҳамкориро тамдид намуданд
Ajoyib.TV: шабакаҳои телевизионӣ ва онлайн-кинотеатрҳо дар як хизматрасонӣ
ЛИБОСИ МИЛЛӢ — ОИНАИ ФАРҲАНГ ВА ҲУВИЯТИ МИЛЛАТ. Дар Душанбе либосҳои тоҷикиро тарғиб менамоянд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Бахшида ба Рӯзи Модар дар ноҳияи Рӯдакӣ ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борон меборад
БАҲОРИ ГУЛРЕЗИ ТОҶИКИСТОН. Барои кишоварзон мавсими кишту кор фаро расид
НУҚТАИ НАЗАР. Ва ё нонреза ҳам нон аст