СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Риояи маърифати ҳуқуқӣ омили таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ аст

Июнь 2, 2024 12:00

НОРАК, 02.06.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак бахшида ба Соли маърифати ҳуқуқӣ дар филиали Коллеҷи тиббӣ-иҷтимоии шаҳри Леваканд дар шаҳри Норак хониши сиёсӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар мақомоти шаҳр иттилоъ доданд.

Дар вохӯрӣ дар бораи моҳияти Соли маърифи ҳуқуқӣ эълон шудани соли 2024, тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии ҷавонон, пешгирии ҷавонон аз ҳамроҳшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ, экстремистӣ, ҷинояту ҷинояткорӣ сухан гуфта шуд.

Дар ҳамоиш ҳамчунин масъалаҳои пешгирии хурофотпарастӣ, ифротгароӣ, пошхӯрии оилаҳои ҷавон, истифодаи нодурусти телефонҳои мобилӣ, шабакаҳои интернетӣ, дарк накардани авзои сиёсии ҷомеаи ҷаҳон ва хатару таҳдидҳо, омӯзиши илмҳои муосир ва технологияҳои замонавӣ, иштироки хонандагон дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва касбомӯзӣ баррасӣ шуданд.

Таъкид гардид, ки имрӯз таваҷҷуҳ ва дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон муассир буда, ҷавонон бояд ҳушёру зирак бошанд ва ба омӯзиши илму ҳунар диққати ҷиддӣ диҳанд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак

Июнь 2, 2024 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад