ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 2 июн, якшанбе, 154-умин рӯзи соли 2024

Июнь 2, 2024 08:00

Дар ин рӯзи соли 1975 аввалин маротиба дар таърихи Лондон дар моҳи июн барф боридааст.

***

Соли 1963  дар Тоҷикистон шумораи нахустини ҳафтаномаи «Ин ҷо Душанбе» (ҳоло «Ҷаҳони паём») нашр шудааст.

***

Дар ин рӯзи соли 2004  Парлумони Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба бекор намудани ҳукми қатл дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро қабул кард.

 ***

12 сол пеш, 2 июни соли 2012 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин ба Маркази байналмилалии намоишгоҳҳо ва конфронсҳои шаҳри Сямэн ташриф оварда, дар форуми «Тоҷикистон: имконоти сармоягузорӣ» иштирок ва суханронӣ намуданд.

***

2 июни соли 2012 бо қарори Шурои илмии Донишгоҳи Сямэни Ҷумҳурии Мардумии Чин ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои хизматҳои шоён дар таҳким ва густариши муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории пурсамар дар соҳаи илму маориф унвони профессори фахрии илмҳои иқтисодии Донишгоҳи Сямэн дода шуд.

***

2 июни соли 2014 мулоқоти Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Ёвари котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико доир ба масоили Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ Ниша Десай Бисвал баргузор гардид. Зимни мулоқот масоили вобаста ба рушди муносиботи ҳасана ва густариши ҳамкории судманди ду давлат дар бахшҳои сиёсат, амнияти минтақавӣ, иқтисод ва тиҷорат, сармоягузорӣ ва илму техника баррасӣ шуд.

***

2 июни соли 2014 дар шаҳри Душанбе масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаи иқтисодӣ-тиҷоратии Тоҷикистон ва Гурҷистон баррасӣ гардида, ба мустаҳкам намудани ҳамкории мутақобилан судманди ду давлат таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.

***

2 июни соли 2021 сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Исломии Покистон баргузор гардид. Дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Исломобод Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро намояндагони воломақоми кишвари мизбон бо самимияти олӣ истиқбол гирифтанд.

***

2 июни соли 2021 мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Покистон дар ҳузур ва бо иштироки сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Имрон Хон баргузор гардида, 12 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.

***

Соли 2021  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари расмӣ бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Ориф Алвӣ мулоқот намуданд. Ҷонибҳо оид ба афзоиши боз ҳам бештари доду гирифт ва интиқоли молу маҳсулот изҳори ҳавасмандӣ карда, барои расидан ба ин ҳадаф таквияти фаъолияти Комиссияи байниҳукуматии дуҷониба оид ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ ва илмию техникиро зарур шумурданд.

***

2 июни соли 2022 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Тошканд – пойтахти Ҷумҳурии Узбекистон шуданд. Дар фурудгоҳи байналмилалии Тошканд меҳмони олимақом- Президенти  Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Президенти  Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

***

Дар ҳамин рӯзи соли 2022 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари расмӣ дар толори Қасри Президенти Ҷумҳурии Узбекистон бо Роҳбари  ин давлати дӯст Шавкат Мирзиёев ба таври маҷозӣ бо пахши тугмаи рамзӣ ба оғози татбиқи лоиҳаи муштарак байни Тоҷикистон ва Узбекистон доир ба сохтмони неругоҳҳои барқи обӣ дар ҳавзаи дарёи Зарафшон асос гузоштанд.

2 ИЮН ТАҶЛИЛ МЕГАРДАД:

Дар Италия – Рӯзи ҷумҳурӣ.

***

Дар Русия – Рӯзи ғизои солим ва даст кашидан аз исрофкорӣ.

***

Дар  Озарбойҷон — Рӯзи кормандони авиатсияи шаҳрвандӣ.

Июнь 2, 2024 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш