ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 25 июн, сешанбе, 177-умин рӯзи соли 2024 аст
25 июни соли 2007 дар шаҳри Душанбе меҳмонхонаи «Asia Grand Hotel» мавриди истифода қарор дода шуд.
***
25 июни соли 2008 хатти барқи «Лолазор-Хатлон» ифтитоҳ гардид.
***
25 июни соли 2016 бо иштироки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои маъмурии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯшон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Дар ошёнаи аввали бинои мақомот 14 утоқи корӣ ва маҷлисгоҳ бо 270 ҷойи нишаст воқеъ аст. Дигар маҷлисгоҳ бо 40 ҷойи нишаст дар ошёнаи дуюм қарор дорад. Илова бар ин дар ошёнаи дуюм боз 13 утоқи дигари корӣ муҷаҳҳаз бо тамоми лавозимоти зарурӣ мавҷуд мебошад. Арзиши лоиҳавии сохтмон 6 миллион сомониро ташкил додааст. Ин маблағ пурра аз ҳисоби буҷети давлатӣ ҷудо карда шуда, дар корҳои сохтмонӣ ҳам асосан мутахассисони маҳаллӣ ҷалб гардида буданд.
***
25 июни соли 2016 сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз ноҳияи Ванҷ оғоз гардида, аз рафти корҳои сохтмонии Неругоҳи барқи обии «Мотравн»-и Ҷамоати деҳоти Язгулом дидан намуданд. Неругоҳи барқи обии «Мотравн» аввалин иншооти энергетикӣ дар ҷумҳурӣ маҳсуб меёбад, ки он маҷроӣ буда, тавлиди барқ аз оби равони дарё вобастагӣ дорад. Ин неругоҳ бо иқтидори 300 киловат соат дар Ҷамоати деҳоти Язгуломи ноҳияи Ванҷ дувумин неругоҳи хурди барқӣ ба ҳисоб меравад.
***
25 июни соли 2017 дар арафаи Иди Саиди фитр дар асоси дастуру супоришҳои инсондӯстонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Озода Эмомалӣ ба Маркази минтақавии хизмати иҷтимоӣ ба нафақахӯрон ва маъюбони шаҳри Душанбе кумаки яквақтаи моддии Сарвари давлатро тақдим намуда, барои бошандагон дастархони идона оростанд. Нахуст Раҳмон Озода Эмомалӣ ба 100 нафар шахсони яккаву танҳо, маъюб, нафақахӯр ва нафароне, ки дар зиндагӣ ба ғамхории ҳамешагии давлату ҳукумат ниёз доранд, 1000 сомонӣ туҳфаи идонаи Пешвои миллатро тақдим намуданд.
***
25 июни соли 2022 бахшида ба 25-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар «Боғи Ирам»-и шаҳри Душанбе Фестивал-намоиши «Таомҳои миллӣ» баргузор гардид. Дар Фестивал 50 кадбонуи чирадаст аз чор ноҳияи шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ 36 намуд таомҳои миллии тоҷикро болои дастархон гузоштанд, ки бо ороиши зебо яке аз дигаре ба назар бомаззатару иштиҳоовар менамуд.
25 ИЮН:
Дар Мозамбик — Рӯзи Истиқлолият.
***
Дар Русия- рӯзи кормандони омор.
***
Дар Словения — Рӯзи сохти давлатдорӣ.
***
Дар Филиппин — Рӯзи дарахтшинонӣ.








Дар шаҳри Душанбе бо мақсади муаррифии дастовардҳои Тоҷикистон дар самти эҳёи ёдгориҳои таърихӣ ҳамоиш доир шуд
Дар деҳаи Фатмеви ноҳияи Айнӣ муассисаи таълимӣ бунёд карда мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Барои сазовор таҷлил намудани ин ҷашни миллӣ машварати корӣ доир шуд
«Истиқлоли Тоҷикистон ва эҳёи пайвандҳои таърихию фарҳангии мардумони ориёитабор». Дар ин мавзуъ ҳамоиши илмӣ баргузор мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Бо иштироки кормандони вазорату идораҳо дар Душанбе ҳашари ободонӣ ва тозакорӣ баргузор шуд
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини ноҳияи Ҷайҳун дар замини наздиҳавлигияш киштро барои ҳосили дуюм оғоз намуд
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар 14-умин Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Макао муаррифӣ мегарданд
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ беш аз 80 фоиз иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Гурӯҳи кории минтақавӣ оид ба моликияти зеҳнӣ иштирок намуд
Вакилони парлумонҳои кишварҳои аъзои ИДМ тарҳи таҳрири нави қонуни намунавии «Дар бораи мақоми ваколатдори ҳуқуқи инсон»-ро тасдиқ намуданд
Дар Хуҷанд сеюмин Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – 2026 баргузор гардид






