ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 ноябр, ҷумъа, 331-умин рӯзи соли 2026 аст

Ноябрь 27, 2026 08:00

27 ноябри соли 2016 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар кори Саммити оби Будапешт ба Маҷористон сафар намуданд.

***

27 ноябри соли 2019 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар иҷлосияи навбатии Шурои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон сафар намуданд. Дар доираи ҷаласа  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Сооронбой Жээнбеков мулоқот намуданд.

***

27 ноябри соли 2021  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ барои иштирок дар Саммити 15-уми сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ ба Туркманистон сафар намуданд. Дар шаҳри Ашқобод Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи саммит бо Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммедов ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Ориф Алвӣ мулоқот намуданд.

***

27 ноябри соли 2025 дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти навбатии Шурои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.  Инчунин дар доираи ҷаласа Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин мулоқот намуданд.

27 НОЯБР:

Рӯзи ҷаҳонии даст кашидан аз харид.

***

Дар Русия – Рӯзи қӯшунҳои баҳрӣ.

РӮЙДОДҲО:

27 ноябри  соли 1940 Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Бӯстон (Чкаловск) – и вилояти Суғд таъсис ёфт.

***

Дар ин рӯзи соли 2013 дар пойтахти Англия- шаҳри Лондон таҳти унвони «Тоҷикистон дар асри XXI. Дурнамо барои рушд ва тараққиёт» конфронс доир шуд.

***

27 ноябри соли  2017 байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Федеративии Олмон  Созишномаи ҳамкорӣ барои солҳои 2016-2017 ба имзо расид.

***

27 ноябри соли 2017 прокуророни генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус барномаи ҳамкорӣ байни прокуратураҳои ҳарду ҷониб барои солҳои 2018-2019-ро бо нишон додани тадбирҳои мушаххаси муштарак  ба  имзо  расониданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2023 дар Кумитаи рушди сайёҳии назди  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими ифтитоҳи портали сайёҳии Тоҷикистон www.traveltajikistan.tj дар таҳрири нав баргузор гардид.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1895 Алфред Нобел васиятномаи худро имзо кард ва дороии ӯ ба фонди ҷоизаи Нобел ворид шуд.

***

Соли 1898 дар натиҷаи тундбоди барфӣ дар Ню-Йорк зиёда аз 450 нафар ба ҳалокат расиданд.

***

Соли 1966 дар таърихи футболи касбии амрикоиҳо калонтарин ҳисоби бозӣ ба қайд гирифта шуд, ки дастаи «Вашингтон» дастаи  «Ню-Йок»-ро бо ҳисоби 72:41 мағлуб кард.

***

Соли 1998  силсилаи бозиҳои компютерии «ФИФА» ба фурӯш бароварда шуд.

 

Ноябрь 27, 2026 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 ноябр, панҷшанбе, 330-юмин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 25 ноябр, чоршанбе, 329-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 24 ноябр, сешанбе, 328-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 ноябр, душанбе, 327-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 ноябр, якшанбе, 326-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 ноябр, шанбе, 325-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 ноябр, ҷумъа, 324-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 ноябр, панҷшанбе, 323-юмин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 ноябр, чоршанбе, 322-юмин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 ноябр, сешанбе, 321-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 ноябр, душанбе, 320-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 ноябр, якшанбе, 319-умин рӯзи соли 2026 аст