ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 29 июн, шанбе, 181-умин рӯзи соли 2024 аст

Июнь 29, 2024 08:00

29 июни соли 2011 дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Директори иҷроияи Бонки осиёгии рушд Ашок Кумар Лаҳирӣ масоили ҳамкории гуногунҷанба бо ин ниҳоди минтақавии молиявӣ, ки аз мақоми  асосии мададрасони Тоҷикистон ба шумор меравад, баррасӣ шуданд.

***

29 июни соли 2012 «Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020» тасдиқ гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 2016 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба хабари мудҳиши ҳалокат ва ҷароҳати вазнин бардоштани теъдоди зиёди мардум бар асари ҳамлаи фоҷеабори террористони маргталаб дар фурудгоҳи ба номи Отатурки шаҳри Истанбул ба Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Тайип Эрдоган барқияи тасаллият ирсол намуданд.

***

8 сол пеш, 29 июни соли 2016 дар шаҳри Душанбе байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Конфедератсияи Швейтсария машварати сиёсӣ багузор гардид.

***

29 июни соли 2021 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагон баргузор гардид, ки дар он  лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф бинобар қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди баррасӣ қарор гирифт.

***

Дар ин рӯзи соли 2021  рӯзномаи «Ар-Риёз»-и Подшоҳии Арабистони Саудӣ муҳтавои мақолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шурои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки 15 июн дар АМИТ «Ховар» таҳти унвони «20 соли СҲШ: ҳамкорӣ баҳри субот ва шукуфоӣ» интишор ёфта буд, бо забони арабӣ зери унвони  «Президенти Тоҷикистон: СҲШ — намунаи нави созмонҳои байналмилалии пешсаф — масири муваффақонаи Созмон дар тӯли 20 сол» бознашр намуд.

***

29 июни соли 2023 дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон Намоиши II байналмилалӣ мусаввирони наврас ифтитоҳ ёфт.

29  ИЮН:

Дар Русия – Рӯзи киштисозон.

Июнь 29, 2024 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад