«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Бонувони Китобхонаи миллии Тоҷикистон либоси миллиро тарғиб менамоянд

Июнь 22, 2024 10:07

ДУШАНБЕ, 22.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бонувони Китобхонаи миллии Тоҷикистон иқдоми тарғиботию ташвиқотии «Тоҷикона мепӯшем!»-ро ҷонибдорӣ намуда, бо пӯшидани пироҳани атласу адрас ва чакан, ки сад рангу сад намудро дар бар мегирифт, бори дигар зебоии либоси миллиро собит сохтанд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Китобхонаи миллӣ.

Бонувон дар атрофи китобхона, ки ҳама ҷо мисли куртаҳои тоҷикии онҳо гулрезу гулпӯш аст, сайру гашт намуда, бо занону духтарони роҳгузар оид ба таърихи либоси миллӣ ва тарзи пӯшидани он суҳбатҳо гузарониданд.

Бонувони Китобхонаи миллӣ ҳамсуҳбатони худро даъват намуданд, ки дар таблиғ ва муосиргардонии либоси миллӣ, ки он яке аз воситаҳои асосии шинохти миллат дар ҷаҳон аст, саҳмгузор бошанд.

Бояд гуфт, ки имрӯзҳо бо мақсади арҷгузорӣ ба анъанаҳои неки миллӣ, дар руҳияи ватандӯстиву худшиносӣ, баланд бардоштани ҳисси зебоипарастӣ, тарғиби ахлоқи либоспӯшӣ дар ҷумҳурӣ пӯшидани атлас, адрас, чакан, алоча ва дигар либосҳои миллӣ баргузор мешавад.

Либос як рукни муҳими фарҳанги миллӣ ба шумор рафта, ёдгоре аз гузаштагон аст, ки дар тӯли қарнҳо зебоиашро гум накардааст.

АКС: Китобхонаи миллии Тоҷикистон

Июнь 22, 2024 10:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд