Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Озарбойҷон «Боғи дӯстии зардолу» бунёд менамояд

Июнь 12, 2024 11:45

ДУШАНБЕ, 12.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ҷумҳурии Тоҷикистон нақша дорад, ки дар Ҷумҳурии Озарбойҷон «Боғи дӯстии зардолу»  бунёд намояд. Ин матлаб зимни вохӯрии Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбон Ҳакимзода бо Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Озарбойҷон Маҷнун Мамедов, ки 11 июн дар ҳошияи Конфронси сеюми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» доир шуд, баён гардид.

Ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Тоҷикистон  «Боғи дӯстии анор» бунёд менамояд.

Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба масъалаи омӯзиши таҷрибаи Ҷумҳурии Озарбойҷон дар самтҳои рақамикунонӣ, Азеркосмос, навъсанҷии зироати кишоварзӣ, ба монанди тухмиҳои зироати ғалладонагии ба хушкӣ тобовар, ангурпарварӣ, чорводорӣ, омода намудани кадрҳои соҳаи кишоварзӣ ва табодули таҷриба байни кишоварзони ду мамлакат мубодилаи афкор намуданд.

Гуфта шуд, ки ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон дар соҳаи кишоварзӣ дар сатҳи муносиб қарор дорад. Ҷонибҳо барои боз ҳам тақвият додани ҳамкории минбаъда ва  амалигардонии муқаррароти афзалиятноки барномаи Харитаи роҳи ҳамкорӣ, ки барои солҳои 2023-2024 ба имзо расонида шудааст, изҳори омодагӣ намуданд.

Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки барои афзоиши иқтидори содиротии давлатҳо дар самти кишоварзӣ аз тамоми имконияту роҳҳо истифода намуда, баҳри ташаккули ҳамкории минбаъда кӯшиш ба харҷ медиҳанд.

 АКС: Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 12, 2024 11:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Дӯстӣ ҷамъоварии шолӣ оғоз гардид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Муассисаҳои тандурустии вилояти Суғд ба мавсими сармо омода мебошанд
Дар доираи TAJ-TECH 2026 дар Душанбе Форуми стартапҳои давлатҳои аъзои СҲШ доир шуд
Боғпарварони ноҳияи Лахш имсол ҳосили фаровони мева мерӯёнанд
Энергетикҳои тоҷик дар Латвия оид ба рақамикунонии соҳаи энергетика табодули таҷриба намуданд
«Шоҳин Эйрлайнз» нахустин ҳавопаймои худ — L-410 NG-ро муаррифӣ намуд
Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии Тоҷикистону Русия дар ҳашт моҳ ба 1 миллиарду 676,5 миллион доллар расид
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкорӣ дар самти сармоягузориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия баргузор гардид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ баррасӣ шуд
Ҳамоишҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа ҷамъбаст гардиданд
Хуршед Мирзо: «Иқдоми муҳими Тоҷикистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ бунёди IT HUB DUSHANBE аст»