«ҲУНАР ОМӮЗ…». Дар шаҳри Душанбе даври дуюми озмуни ҷумҳуриявӣ баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 11.06.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе дар пойтахт даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Ҳунар омӯз…» баргузор мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.
Озмун аз рӯи 7 номинатсия: кандакорӣ, чӯбтарошӣ, сабадбофӣ; гаҷкорӣ, кундалнигорӣ, оинабандӣ; заргарӣ, мисгарӣ ва оҳангарӣ; ороиш аз санг; кулолгарӣ; читгарӣ, зардӯзӣ ва попурӣ; намадбофӣ ва қолинбофӣ доир мегардад.
Ҳадафи ин фестивал эҳё намудани ҳунарҳои миллии ниёгон, баланд бардоштани ифтихори миллӣ, арҷгузорӣ ба фарҳанги воло, тарбияи зебоипарастӣ, тарғибу ташвиқи либоси миллӣ, ба касбомӯзӣ ҷалб кардани занону духтарон ва ба наслҳои оянда пешкаш намудану ба мерос мондани ҳунари аҷдодӣ мебошад.
АКС: Шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе








Ҳамкории шаҳри Душанбе бо шаҳри Чонгчини Чин баррасӣ гардид
Аз водии Рашт то Искандаркӯл: мақомоти шаҳри Душанбе бо ташкили хатсайрҳои сайёҳӣ рушди сайёҳии дохилиро тақвият мебахшад
Дар Душанбе маҷмуи маҳсулоти минтақавӣ ба беш аз 19 миллиард сомонӣ баробар гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Корҳо дар ду марҳилаи лоиҳаи «Харитаи электронии шаҳри Душанбе» пурра ба анҷом расидаанд
Дар Душанбе намоишгоҳи фурӯши либосҳои мактабӣ ва лавозимоти дарсӣ доир мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2026 дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ 4 корхонаи нави саноатӣ ба фаъолият оғоз кард
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ бештар гардидааст
Иҷлосияи шашуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Иҷлосияи шашуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Душанбе мизбони DITE-2026 ва Форуми байналмилалӣ оид ба сайёҳии устувор мегардад
ИДИ ТИРГОН — БРЕНДИ САЙЁҲИИ ФАРҲАНГИИ ТОҶИКИСТОН. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Дар Душанбе маросими пардабардорӣ аз нимпайкараи шоир, адиби классикии асри миёнаи Гурҷистон Шота Руставелӣ баргузор гардид






