ҚУРБИ АСЪОР: дар Тоҷикистон 1 рубли русӣ аз 0.1212 то 0.1215 сомонӣ муқаррар шудааст
ДУШАНБЕ, 05.06.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бонки миллии Тоҷикистон имрӯз қурби асъори хориҷиро нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон) чунин муқаррар намудааст:
1 доллари ИМА — 10.7603 сомонӣ;
1 евро – 11. 6986 сомонӣ;
1 рубли русӣ — 0.1212 сомониро ташкил медиҳад.
Ҳамчунин имрӯз қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои ташкилоти қарзии Тоҷикистон чунин муқаррар шудааст:
1 доллари ИМА аз 10.7603 то 10.7500 сомонӣ;
1 евро аз 11.6986 то 11.7300 сомонӣ;
1 рубли русӣ аз 0.1212 то 0.1215 сомонӣ.
БМТ огоҳ менамояд, ки «берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад».