«ВАҲДАТУ СОЗИШ-КАФИЛИ РУШДУ ШУКУФОИИ ТОҶИКИСТОН». Дар шаҳри Хуҷанд Рӯзи Ваҳдати миллиро таҷлил намуданд
ДУШАНБЕ, 09.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. «Ваҳдату созиш – кафили рушду шукуфоии Ҷумҳурии Тоҷикистон»- таҳти чунин унвон 7 июн дар Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар шаҳри Хуҷанд конференсияи илмии ҷумҳуриявӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд.
Дар конференсия гуфта шуд, ки ваҳдату созиш рукни ободии ҳар миллат аст. Вақте ки миллат бо як ақида — ободкориву созандагӣ, сулҳу субот фаъолият мекунад, ин имкон медиҳад, ки натиҷаҳои бузургу назаррас ба даст оварда шаванд.
Иштирокдорони ҳамоиш баён доштанд, ки самари ваҳдати миллӣ ва ҳамдилии мардуми шарафманди тоҷик аст, ки имрӯз ташаббусҳои Тоҷикистон, бахасус иқдоми Пешвои миллат дар соҳаи обу иқлим дар арсаи ҷаҳон дастгирӣ ва пуштибонӣ меёбанд. Мояи ифтихор аст, ки Пешвои миллати тоҷик барои таъмини ташнагон бо об дар сайёра талош меварзанд ва аз табори миллати инсондўст будани тоҷикро собит месозанд.
Ҳамчунин дар ҳамоиш доир ба ваҳдати миллӣ ва рушди илму фарҳанги ҷомеаи Тоҷикистон, ваҳдати миллӣ — муҳимтарин омили худшиносии миллӣ ва дигар мавзуъҳо маърузахо пешниҳод гардиданд.
Ёдовар мешавем, ки 27 июни соли 1997 ба таърих чун замони нави ташаккули давлатдории Тоҷикистон ворид гаштааст. Дар ин рӯз Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид, ки ҳамчун дастоварди бузурги таърихӣ оғози гардиши куллӣ дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва маънавии халқи тоҷик ба шумор меравад.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси виоляти Суғд








Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад






