Варзишгарони Тоҷикистон дар Бозиҳои варзишии кишварҳои БРИКС – 2024 9 медал ба даст оварданд

Июнь 24, 2024 09:58

ДУШАНБЕ, 24.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Варзишгарони Тоҷикистон дар Бозиҳои варзишии кишварҳои БРИКС – 2024 дар риштаи варзиши гӯштини камарбанди тарзи озод ва классикӣ 9 медал ба даст оварданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба  Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Тавре қаблан иттилоъ додем, Бозиҳои варзишии кишварҳои БРИКС – 2024 аз 12 то 23 июн дар шаҳри Қазони Ҷумҳурии Тотористони Федератсияи Русия баргузор гардида, дар он аз Тоҷикистон 110 варзишгар иштирок намуд.

Бозиҳои варзишӣ нахустин маротиба дар қолаби нав доир гардида, зимни он дар баробари варзишгарони кишварҳои БРИКС, инчунин варзишгарони якчанд давлатҳое, ки аз ҷониби мизбони ин мусобиқаи сатҳи баланд даъват шудаанд, қувваозмоӣ намуданд.

Ин бозиҳои варзишӣ 4000 варзишгарро аз 100 мамлакати олам ба ҳам овард.

 АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 24, 2024 09:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад