12 ИЮЛ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МУБОРИЗА БО ТӮФОНИ РЕГУ ЧАНГ. Дар Тоҷикистон тибқи Барномаи «Мамлакати сабз» то соли 2040 беш аз 2 миллиард дарахт шинонида мешавад

Июль 12, 2024 15:10

ДУШАНБЕ, 12.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ба амал омадани чангу ғубор дар ҷумҳурӣ дар соли равон нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 коҳиш ёфтааст, гуфт дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» муовини директори Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Ҷамила Байдуллоева дар Рӯзи байналмилалии мубориза ба муқобили тӯфонҳои рег ва чанг, ки 12 июл аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо Қарори A/RES/77/294 эълон гардидааст. Соли гузашта чангу ғубор шуруъ аз фасли баҳор то тирамоҳу зимистон бештар дар минтақаи вилояти Хатлон, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, шаҳри Душанбе ва бархе аз навоҳии вилоятҳои Суғду Бадахшон ба амал омад ва ғайримуқаррарӣ арзёбӣ шуд. Ба андешаи ҳамсуҳбати мо чунин ҳолат соли 1971 мушоҳида гардида буд.Ҷамила Байдуллоева афзуд, ки 80 фоизи чангу ғубор ба ҳудуди мамлакат аз берун ворид гардида, 15-20 фоизаш дар ҳудуди ҷумҳурӣ бар асари боришоти кам, хушк шудани замин ва ба амал омадани шамолҳои сахт, сохтмон ва дигар равандҳои табиию саноатӣ ба амал меояд.

Ба амал омадани чангу ғубор боиси обшавии бесобиқаи пиряхҳо гардидааст

Чангу ғубор ба ҷумҳурӣ бештар аз шимоли Афғонистон, аз биёбонҳои Арабистони Саудӣ, Ироқ, Эрон ва Туркманистон, инчунин аз шимолу ғарб аз ҳудудҳои хушкшудаи ҳавзаи баҳри Арал ҳангоми ба амал омадани тӯфонҳои регӣ ва шамолҳои шиддатнок дар биёбонҳо ба қаламрави мамлакат ворид мегардад. Хусусан чангу ғуборе, ки аз ҳудудҳои хушкшудаи баҳри Арал ба фазои мамлакат ворид мешавад, дар таркибаш намак ва дигар моддаҳо дошта, боиси обшавии пиряхҳо гардидааст. Ба амал омадани чангу ғубор ба рушду пешрафт ва иқтисодиёти давлатҳо хисороти ҷиддӣ ворид менамояд. Хусусан ба соҳаи кишоварзӣ, парвариши меваю сабзавот, зироатҳои полезӣ ба сифаташон таъсири манфӣ расонида, ба паст гардидани нахи пахта, ки маҳсулоти стратегӣ маҳсуб меёбад, оварда мерасонад. Инчунин ба низоми аэронавигатсионӣ, аз ҷумла, парвози ҳавопаймоҳо, фурудоии онҳо ва дигар киштиҳои ҳавоӣ, ҳамзамон ба ҳаракати нақлиёти гуногуни рӯизаминӣ ва обӣ монеъа эҷод менамояд.

Чангу ғубор ба шахсоне, ки мубталои бемориҳои дилу рагҳо ва роҳи нафасанд таъсири манфӣ мерасонад

Ба амал омадани чангу ғубор дар дилхоҳ минтақаи сайёра ба саломати инсонҳо таъсири манфӣ мерасонад. Тавре дар суҳбат ба мо табиби сироятшиноси Муассисаи давлатии «Маркази саломатии шаҳрии №10» Куҳзод Шодиев мегӯяд, чангу ғубор ба саломатии инсонҳо, хусусан ба шахсоне, ки мубталои бемориҳои роҳҳои нафас- асмаи бронхиалӣ, бронхити аллергетикӣ, сили аллергетикӣ, илтиҳоби шуш, омоси шуш, ҷоғар, системаи асаб, бемории дилу рагҳо- стенокардия, фишорбаландӣ, бемории ишемикии дил мебошанд, таъсири манфӣ мерасонад ва ҳатто ба марг оварда мерасонад. Шахсоне, ки мубталои бемориҳои дилу раг ва роҳҳои нафасанд, инчунин ҳассосият доранд, ҳангоми ба амал омадани чангу ғубор ҳолаташон вазнин мешавад нафастангӣ, дилбеҳузурӣ, дарди сар, фишорбаландӣ фишорпастшавӣ, кашишхӯрии рагҳои гардан, дард дар қафаси сина, гум шудани иштиҳоро эҳсос менамонд. Онҳо бояд аз ниқобҳои якдафъаинаи тиббӣ истифода баранд, дар маҳалҳои чангу ғубор камтар гаштугузор намуда, зуд-зуд об нӯшанд, хонаро бо латтаи тар зуд-зуд пок созанд, гигиенаи шахсиро риоя намуда, доруҳое, ки табибон ба онҳо тавсия додаанд, дар вақташ истифода намоянд.

Тӯфонҳои регу чанг дар самти ноил шудан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор монеа эҷод менамоянд

Тӯфонҳои регу чанг барои ноил шудан ба рушди устувор дар ҷанбаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва экологии он мушкилоти ҷиддӣ ва густурда эҷод мекунанд. Тӯфонҳои регу чанг дар даҳсолаҳои охир бинобар таъсири назаррас ба муҳити зист, саломатӣ, кишоварзӣ ва некӯаҳволии иҷтимоӣ-иқтисодӣ, ба як мушкилоти асосии ҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Тӯфонҳои рег ва чанг қисми муҳими давраҳои табиии биохимиявии замин мебошанд, аммо қисман аз омилҳои инсонӣ, аз ҷумла тағйирёбии иқлим ва идоракунии ноустувори замин ва об ва биёбоншавӣ ба вуҷуд меоянд. Тӯфонҳои регу чанг, дар навбати худ, ба тағирёбии иқлим ва олудашавии ҳаво мусоидат мекунанд. Оқибатҳои тӯфонҳои регу чанг дар тамоми минтақаҳои ҷаҳон, ҳам дар давлатҳои пешрафта ва ҳам дар мамлакатҳои дар ҳоли рушд мушоҳида мегарданд ва барои ноил шудан ба Ҳадафҳои 11 ва 17-и Ҳадафҳои Рушди Устувор ва воситаҳои татбиқи онҳо, бахусус Ҳадафҳои 2 -аз байн бурдани гуруснагӣ, 3 -таъмини тарзи ҳаёти солим, 6 -оби тоза ва санитария, 8-рушди иқтисодӣ, 11 – шаҳрҳо, 13-тағйирёбии иқлим ва 15 — идоракунии устувори ҷангал, мубориза бо биёбоншавӣ, боздоштан ва барҳам додани таназзули замин ва боздоштани талафоти гуногунии биологӣ ва воситаҳои иҷрои онҳо мушкилоти ҷиддиро ба вуҷуд меорад.

Миқдори ғубори биёбон дар асри 20 ду баробар афзоиш ёфтааст

Инчунин дар як сол дар ҷаҳон аз ҳисоби техника ва корхонаю фабрикаҳои саноатӣ ба атмосфера беш аз 170 миллион тонна чангу ғубор меафтад, ки ба саломатии инсон ва олами набототу ҳайвоноти сайёра таъсири манфии худро мерасонад Ҳадди ақал 25 фоизи партовҳои ҷаҳонии ғубор аз фаъолияти инсон ба амал меояд ва дар баъзе минтақаҳо миқдори ғубори биёбон дар тӯли асри 20 ду баробар афзоиш ёфтааст. Таъсири ин зуҳуротро назорат кардан душвор аст, зеро фаъолияти инсон дар як минтақа метавонад дар дигар минтақа тӯфони регу чангро ба вуҷуд орад. Тӯфонҳои регу чангу хок бо фаъолияти инсон ба амал омадаанд, ба ҳамин тариқ бо амали инсон ин туфонҳоро коҳиш додан мумкин аст.

Маҷмаи Умумии Созмони Миллали Муттаҳид тавсеаи ҳамкориро дар сатҳи ҷаҳонӣ барои пешгирӣ ва коҳиши таъсири тӯфонҳои чангу ғубор таъкид намудааст

Бо дарназардошти он, ки тӯфонҳои регу ғубор ва таъсири зараровари онҳо ба андозаҳои гуногун мушкилоти мавриди таваҷҷуҳи байналмилалӣ мебошанд, Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо Қарори A/RES/77/294 12 июлро Рӯзи байналмилалии мубориза бо тӯфонҳои регу чанг эълон кард. Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ба зарурати ҳамкорӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ ва минтақавӣ барои пешгирӣ, коҳиши таъсири тӯфонҳои чангу ғубор тавассути таҳкими низоми огоҳии бармаҳал ва табодули иттилоот оид ба равандҳои иқлим ва обу ҳаво ҷиҳати пешгӯии тӯфони регу чанг тавассути таҳлили мавсимӣ ва зеримавсимӣ ва пешгӯии дарозмуддати параметрҳои марбут ба тағирёбии иқлимро таъкид намудааст.

Бо кадом роҳ метавон бо чангу ғубор мубориза бурд?

Доктори илмҳои кишоварзӣ Ҳикматулло Назиров мегӯяд, ки тағйир ёфтани иқлим бештар ба муҳити зист таъсири манфӣ расонидааст. Ба андешаи олими тоҷик яке аз роҳҳои муассири мубориза бо чангу ғубор ин зиёд намудани дарахтони паҳнбарг, ҳамешасабз, буттазорҳо ва ҷангалзорҳо мебошад. Дарахтони паҳнбарг, ки умрашон дароз ва қадашон баланд аст, ба мисли тӯс, сӯзанбаргҳо, ҷалғӯза, чинор, беду сафедор, булут, ки чангу ғуборро бештар ба худашон мегиранд, бояд дар тамоми минтақаҳои мамлакат шинонида шаванд. Инчунин майдони боғу токзорҳоро мебояд васеъ намуд. Шинонидани ниҳолҳо оғози кор аст, мегӯяд доктори илмҳои кишоварзӣ, бояд нигоҳубини ниҳолҳо, бо ғизо ва об таъмин намудан, шакл додани ниҳолҳо ва дар маҷмӯъ техникаи парвариши онҳо дуруст ба роҳ монда шавад, зеро дар мавсими ниҳолшинонӣ ҳамасола дар ҷумҳурӣ миллионҳо бех ниҳоли дарахтони ороишию сояафкан ва мевдиҳанда шинонида мешавад, вале мутаассифона аз хунукназарию бемасъулиятии мақомоти салоҳиятдор қисме аз онҳо мехушканд ва зарур аст, ки нисбат ба ин масъала ҷиддӣ муносибат намуд.

Бо шинонидани беш аз 2 миллиард дарахт Тоҷикистон ба «мамлакати сабз» табдил меёбад

Олими тоҷик афзуд, ки бо иқдоми наҷибонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷумҳурӣ «Барномаи давлатӣ оид ба кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» қабул гардид, ки тибқи он дар марҳилаи якум солҳои 2025-2027 дар ҷумҳурӣ беш аз 10 миллион ва то соли 2040 зиёда аз 2 миллиард бех ниҳолу бутта шинонида мешавад. Ин тадбири саривақтӣ ва оқилона имкон медиҳад, ки дар оянда Тоҷикистон ба яке аз мамлакатҳои сабз табдил дода шавад ва дар самти мубориза бо биёбоншавӣ ва чангу ғубор дар миқёси ҷаҳон Тоҷикистон қадамҳои муассири худро гузорад.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Июль 12, 2024 15:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 65-уми Ассамблеяи Созмони ҷаҳонии моликияти зеҳнӣ иштирок намуд
Дар минтақаи Искандаркӯл давраи омӯзишии «Мубодилаи таълимӣ ва амалии намояндагони «Нозирони сабз» -2024» гузаронида шуд
Барои ҷавонони Тоҷикистон мактаби тобистонаи зиддикоррупсионӣ ташкил карда мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ВА ҲИФЗИ ДАСТОВАРДҲОИ ОН. Бо сокинону фаъолони ноҳияи Ҳамадонӣ вохӯрӣ доир шуд
«ЗИМЧУРУД». Дар ин ҷо 1000 нафар хонанда ба истироҳат фаро гирифта мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Кумитаи ҳифзи муҳити зист ба вилояти Хатлон 13 электромотороллер тақдим намуд
Эълони Озмуни ҷумҳуриявии «Хонандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» иқдоме дар роҳи худшиносии миллӣ аст
МегаФон Тоҷикистон ба аккумуляторҳои шакли нав мегузарад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Байни мақомоти авиатсионии Тоҷикистон ва Покистон Ёддошти тафоҳум ҷиҳати рушди ҳамкории авиатсионӣ ба имзо расид
Майдони «Истиқлол»-и Душанбе ба макони писандидаи сокинону меҳмонони пойтахт табдил ёфтааст