35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. 3 километр роҳи деҳаи Олимободи шаҳри Турсунзода мумфарш мегардад

Июль 5, 2024 16:10

ТУРСУНЗОДА, 05.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 километр роҳи деҳаи Олимободи  Ҷамоати деҳоти Работи  шаҳри Турсунзода мумфарш мегардад. Дар ин хусус ба хабарнигори АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода иттилоъ доданд.

Мумфаршкунии роҳи мазкур бо ибтикори сокинони деҳа ва сарпарастии ҷавонону соҳибкорони бонангу номуси деҳа амалӣ гардида истодааст.

Барои анҷоми ин кори нек аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр 5 техникаи Муассисаи давлатии назорати роҳҳои автомобилгарди шаҳри Турсунзода сафарбар гардида, корҳои мумфаршкунӣ бо сифати баланд анҷом дода мешавад. Саҳми кормандони ин муассиса дар таъмири роҳҳо калон буда, аз тарафи онҳо соли 2024 170 километр роҳҳои шаҳри Турсунзода таъмири ҷорӣ  ва зиёда аз 50  километр мумфарш карда мешаванд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода

Июль 5, 2024 16:10

Хабарҳои дигари ин бахш

35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. 25 километр роҳи деҳаи Гулзори шаҳри Кӯлоб мумфарш карда мешавад
Дар Мурғоб коргоҳи маҳсулоти қаннодии «Нозанин» ва 5 гармхона ба фаъолият шуруъ намуданд
Дар назди муассисаҳои таълимии ноҳияи Ванҷ синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуд
50 километр роҳи деҳоти Ҳисор ва Ориён то сарҳади Узбекистон таъмир мегардад
Дар Мурғоб калонтарин неругоҳи офтобӣ ба истифода дода шуд
Дар Шуғнон корхонаҳои саноатӣ ва иншооти соҳаҳои тандурустӣ ва маориф ба истифода дода шуданд
Дар Хоруғ кӯдакистонҳо, маркази обуҳавошиносӣ ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Мурғоб муассисаи таълимии томактабии «Лола» ба истифода дода шуд
Дар Бадахшон муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ ба истифода дода шуданд
Сохтмони бинои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд идома дорад
35-СОЛАГИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Спитамен беш аз 600 иншоот сохта ба истифода дода мешавад
Дар шаҳри Истаравшан сохтмони зиёда аз 20 иншооти соҳаи маориф идома дорад