35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар Суғд 2077,0 км роҳ таъмиру навсозӣ мешавад

Июль 14, 2024 16:18

ДУШАНБЕ, 14.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар соли 2024 дар вилояти Суғд таъмиру тармими 2077,0 км роҳҳо, аз ҷумла аз таъмири асосӣ баровардани 211,1 км роҳ, гузаронидани таъмири ҷории 1085,1 км ва шағалпўш намудани 780,8 км роҳ ба нақша гирифта шудааст. Дар нимсолаи якуми соли равон дар вилоят 1005,8 км роҳ аз таъмир бароварда шуд, ки аз он 112,1 км таъмири асосӣ, 364,8 км таъмири ҷорӣ ва 528,9 км шағалпӯш мебошад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд.

Бояд ёдовар шуд, ки бо мақсади истиқболи сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар вилояти Суғд бунёду барқарорсозии 12 ҳазор иншооти таъйиноти истеҳсоливу иҷтимоӣ ба нақша гирифта шудааст. Аз аввали амалишавии нақшаи чорабиниҳо то ба имрӯз зиёда аз 5,5 ҳазор иншоот бунёду навсозӣ ва мавриди истифода қарор дода шудааст.

Ёдовар мешавем, ки 11 июли соли равон дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд доир ба натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоию вилоят дар 6 моҳи соли 2024 ҷаласаи фаъолони вилоят баргузор гардид. Дар рафти ҷаласа Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ҷиҳати вусъатбахшии корҳои ободониву созандагӣ ва дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни таърихии 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъулин супоришҳо дод.

АКС аз манбаъҳои боз

Июль 14, 2024 16:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Панҷакент иншооти иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав 6 иншооти таъйиноти гуногунро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав аз Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ боздид намуданд
Дар шаҳри Ҳисор мумфаршкунии беш аз 3,5 километр роҳи автомобилгард оғоз гардид
820 иншооти гуногун ба маблағи беш аз 1 миллиард сомонӣ дар шаҳри Ваҳдат ба истифода дода шуд
Дар шаҳри Конибодом нуқтаҳои истироҳатӣ ва осоишгоҳи солимгардонӣ бунёд карда мешаванд
Дар ноҳияи Шаҳристон ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса дода мешавад
Дар шаҳри Ҳисор бинои мактаб, варзишгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Кӯлоб 53 бинои муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон мумфаршкунии роҳҳои маҳаллӣ идома дорад
Дар Исломобод 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра дар Бадахшон 300 муассисаи таҳсилоти умумӣ ба истифода дода шуд