Абдуҷаббор Азизӣ бо ҳайати хабарнигорони нашрияи «Жэнмин жибао»-и Чин мулоқот намуд

Июль 4, 2024 11:48

ДУШАНБЕ, 04.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ бо ҳайати хабарнигорони нашрияи расмии Кумитаи Марказии Ҳизби коммунисти Чин «Жэнмин жибао» таҳти роҳбарии директори Департаменти байналмилалии нашрияи «Жэнмин жибао» хонум Ма Сяонин мулоқот намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар мулоқот Абдуҷаббор Азизӣ иброз намуд, ки Ҷумҳурии Мардумии Чин мамлакати дӯст, ҳамҷавор ва яке аз шарикони асосии стратегии Тоҷикистон буда, дар замони тағйирёбии геополитикии ҷаҳон шарикии Тоҷикистону Чин дар тамоми соҳаҳо намунаи барҷастаи муносибатҳои байни ҳарду мамлакат ба шумор меравад.

«Таърихи муносибот байни мамлакатҳои мо бозгӯйи ҳавасмандии пайвастаи ҷонибҳо дар густариш ва истифодаи боз ҳам бештари зарфиятҳои мавҷуда буда, мавқеи Тоҷикистону Чин дар масъалаҳои минтақавию байналмилалӣ ҳамсон аст. Тоҷикистону Чин шарикони ҳамаҷонибаи стратегӣ буда, тақвият ва рушди муносибатҳои дӯстонаи дуҷониба ва ҳамкорӣ бо ин ҷумҳурӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад»,- афзуд Абдуҷаббор Азизӣ.

Дар мулоқот иброз гардид, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониҳои худ ҳамеша таъкид бар он мекунанд, ки дар шароити феълии ҷаҳони муосир ва равандҳои нигаронкунандаи он, бинобар таҳдиду хатарҳои мавҷуда, роҳандозии ҳамкориҳои мутақобилан судманди мо дар чаҳорчӯби «Осиёи Марказӣ-Чин» аҳамияти муҳим дорад.

Барои рушд ва тақвияти муносибатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоӣ байни ду ҷумҳурӣ як қатор лоиҳаву барномаҳо роҳандозӣ гардидаанд, ки намунаи равшани он лоиҳаи «Як камарбанд-як роҳ» аст, ки дар масири нави ҳамкориҳо самаранокии худро нишон дода, барои кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон судманд мебошад.

Абдуҷаббор Азизӣ афзуд, ки тайи солҳои охир муносибатҳои дуҷониба байни Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Ҳизби коммунисти Чин дар асоси созишномаи ҳамкорӣ рушду тавсеа ёфта истодааст. Махсус ҳамкориҳо дар самти табодули таҷрибаомӯзии кормандони ҳизбӣ ва занону ҷавонон дар сатҳи матлуб ҷараён дорад.

Иштирок дар чорабиниҳои муштарак, аз ҷумла машварату конференсияҳо ва нишасту мизҳои мудаввар хусусияти доимӣ касб намуда, ба ҳукми анъана даромадааст. Ҳамкориҳо байни нашрияҳои ҳизбии ду мамлакат-нашрияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон — «Минбари халқ» ва нашрияи расмии Кумитаи Марказии Ҳизби коммунисти Чин «Жэнмин жибао» тақвият меёбанд, ки боиси қаноатмандист.

Дар интиҳо таъкид гардид, ки дар оянда дар доираи санадҳои баимзорасонидаи тарафҳо тавсеа бахшидани ҳамкорӣ дар бахшҳои муҳим ба манфиати ҷонибҳо хоҳад буд.

АКС: Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон

 

Июль 4, 2024 11:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ карда мешавад
Таомҳои тоҷикӣ дар шаҳрҳои Федератсияи Русия ба таври шоиста муаррифӣ мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Ҳисор ҳамоиши минтақавии раисони шуроҳои ҷангу меҳнати шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«АСРИ ЗАРРИН»-И ТАЪРИХИ ТОҶИКОН. Замони давлатдории Сомониёнро муҳаққиқони илми таърих чунин ном гузоштаанд
Зуд, мувофиқ, осон: чат-боти «Доно» ба муштариён чӣ тавр кумак мерасонад
Дар Панҷакент филиали Муассисаи давлатии «Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон» ифтитоҳ гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
СОЛИ ОБОДКОРИЮ СОЗАНДАГӢ. Мактаб-интернати ятимон ва бепарасторони ноҳияи Муъминобод таъмир карда мешавад
Дар шаҳри Бӯстон барои баланд бардоштани сифати таҳсил ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад