Ҷаласаи дуюми Гурӯҳи кории ҷумҳуриявӣ оид ба рушди сайёҳӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва ташкилу назорати корҳои ободониву сабзазоркунӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 23.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. 22 июл дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ ҷаласаи дуюми гурӯҳи кории ҷумҳуриявӣ бо мақсади самаранок ба роҳ мондани корҳо дар самти рушди сайёҳӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва ташкилу назорати корҳои ободонию кабудизоркунӣ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо баргузор гардид.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар кори ҷаласа намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, роҳбарони гурӯҳҳои кори доимоамлкунандаи ва намояндагони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ иштирок намуданд.
Дар кори ҷаласа татбиқи иҷрои нақшаи амалӣ Гурӯҳи корӣ иборат аз 33 банд дар самтҳои рушди соҳаи сайёҳӣ, ҳунарҳои мардумӣ, кишоварзӣ, ҳифзи муҳити зист ва фаъолияти маҳаллу растаҳо мавриди муҳокима қарор дода шуд.
Муовини роҳбари Гурӯҳи кории ҷумҳуриявӣ, раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Камолиддин Муминзод оид ба ҳолат ва раванди иҷрои нақшаи амали гурӯҳи корӣ гузориш манзур намуда, оид ба мушкилотҳои ҷойдошта дар самти рушди сайёҳӣ ва фаъолияти гурӯҳҳои корӣ дар маҳал иброз намуд.
Ҳамзамон аз ҷониби Дилрабо Мансурӣ ҷиҳати баррасӣ ва ҳалли мушкилотҳои ҷойдошта, тақвият бахшидани корҳо дар доираи гурӯҳҳои корӣ дар маҳал, рушди инфрасохтор ва бо талаботҳои санитарию эпидемиологӣ мутобиқ намудани онҳо, таъсиси ширкатҳои нави сайёҳӣ, анҷом додани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ ва як қатор масъалаҳои мубрам супоришҳои мушаххас дода шуд.
АКС: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Душанбе ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд
Дар Форуми ҷаҳонии сармоягузорӣ самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Намояндагони Хадамоти гумруки Тоҷикистон таҷрибаи Нидерландияро дар истифодаи зеҳни сунъӣ омӯхтанд
Байни Хадамоти алоқа ва «Хуавей технологии Тоҷикистон» Ёддошти тафоҳум оид ба рушди технологияҳои 5G-A ва 6G ба имзо расид
Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд
Дар Душанбе Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум–5G баргузор мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи 48-уми Шурои маъмурии Ташкилоти патентии Авруосиё доир шуд






