Ҷамолиддин Абдуллозода бо фаъолияти муассисаҳои тандурустии вилояти Хатлон шинос гардид

Июль 17, 2024 15:07

ДУШАНБЕ, 17.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. 16 июл Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода ҷиҳати бартараф намудани мушкилоту камбудиҳои ҷойдошта ва дар ин замина боз ҳам беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо фаъолияти «Маркази ҷумҳуриявии тавонбахшӣ ва будубоши доимии пиронсолон ва маъюбон дар ноҳияи Кӯшониён» ва Беморхонаи клиникии вилоятии ба номи Бурӣ Воҳидови шаҳри Бохтари вилояти Хатлон шинос гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати тандурстӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат иттилоъ доданд.

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҳамчунин барои тақвияти корҳои ободонию  созандагӣ ва воқиф гардидан аз рафти хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ бо беморон ва наздикони онҳо суҳбати озоду ошкоро намуд.

Ҷамолиддин Абдуллозода бо роҳбарияти муассисаҳои соҳа масъалаҳои вусъат бахшидани корҳои ободонию  созандагӣ, назорати вазъи санитарию эпидемиологӣ, риояи одоби муоширати табибон бо беморон ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ ва дигар масъалаҳои алоқаманди соҳаро баррасӣ намуда, ҷиҳати бартараф намудани мушкилоту камбудиҳои ҷойдошта ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.

АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июль 17, 2024 15:07

Хабарҳои дигари ин бахш

ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар вилояти Суғд зиёда аз 1200 муассисаи тиббии давлатӣ ва хусусӣ фаъолият дорад
Моҳи ноябр дар Тоҷикистон бориши борон ва ба амал омадани чангу ғубор дар назар аст
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Дар муассисаҳои таълимии шаҳри Ҳисор 2277 тонна ангишт захира гардидааст
Қариб 200 миллион нафар дар ҷаҳон аз истеъмоли нокифояи йод азият мекашанд
Дар Душанбе омодасозии мутахассисони соҳаи тандурустӣ дар Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон таҳти унвони «Тамаддуни ориёӣ» озмуни ҷумҳуриявӣ доир мешавад