Ҷамолиддин Абдуллозода бо фаъолияти муассисаҳои тандурустии вилояти Хатлон шинос гардид
ДУШАНБЕ, 17.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. 16 июл Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода ҷиҳати бартараф намудани мушкилоту камбудиҳои ҷойдошта ва дар ин замина боз ҳам беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо фаъолияти «Маркази ҷумҳуриявии тавонбахшӣ ва будубоши доимии пиронсолон ва маъюбон дар ноҳияи Кӯшониён» ва Беморхонаи клиникии вилоятии ба номи Бурӣ Воҳидови шаҳри Бохтари вилояти Хатлон шинос гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати тандурстӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат иттилоъ доданд.
Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҳамчунин барои тақвияти корҳои ободонию созандагӣ ва воқиф гардидан аз рафти хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ бо беморон ва наздикони онҳо суҳбати озоду ошкоро намуд.
Ҷамолиддин Абдуллозода бо роҳбарияти муассисаҳои соҳа масъалаҳои вусъат бахшидани корҳои ободонию созандагӣ, назорати вазъи санитарию эпидемиологӣ, риояи одоби муоширати табибон бо беморон ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ ва дигар масъалаҳои алоқаманди соҳаро баррасӣ намуда, ҷиҳати бартараф намудани мушкилоту камбудиҳои ҷойдошта ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.
АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон








ИҶЛОСИЯИ XVI – ЗАМИНАИ ТАЪРИХИИ ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРӢ, ҚОНУНИЯТ ВА АДОЛАТИ СУДӢ. Андешаҳо дар ин маврид
Дар Норак осоишгоҳи Вазорати корҳои дохилӣ ифтитоҳ гардид
АЗ НАСБИ ПАНЕЛҲОИ ОФТОБӢ ТО ЗАХИРАИ СӮЗИШВОРӢ. Муассисаҳои тандурустии Тоҷикистон ба зимистони солҳои 2026–2027 омода мебошанд
Дар Бохтар бахшида ба Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ конференсияи ҳизбӣ баргузор шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии тандурустӣ-2026 баргузор гардид
Ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи зеҳни сунъӣ дар Шанхай муаррифӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид
Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд






