Байни Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Тоҷикистон ва Ташкилоти байналмилалии Агроаксияи Олмон Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 03.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Байни Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ташкилоти байналмилалии Агроаксияи Олмон Ёддошти тафоҳум ба имзо расид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар ин кумита.
Ёддошти тафоҳум имрӯз дар вохӯрии раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ Фарҳод Раҳимӣ ва Директори Ташкилоти байналмилалии Агроаксияи Олмон Ёоханнес Калтенбах ба имзо расид.
Зимни мулоқот Фарҳод Раҳимӣ дар бораи фаъолияти кумита маълумоти муфассал дода, гуфт, ки дар Тоҷикистон 63 муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбии давлатӣ ва 2 муассисаи ғайридавлатӣ фаъолият дошта, шуғлу касбҳои талаботи замони муосирро ба шаҳрвандони ҷумҳурӣ меомӯзанд.
Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ дар оянда талош меварзад, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбиро бо таҷҳизоту техникаи муосир таъмин намояд.
Директори Ташкилоти байналмилалии Агроаксияи Олмон Ёоханнес Калтенбах барои пазироӣ ва меҳнавозии хоси тоҷикона миннатдорӣ намуда, аз ҳамкории судманди Тоҷикистону Олмон ҷиҳати соҳибкасб намудани шаҳрвандон ёдовар гардид.
Иброз шуд, ки Ташкилоти байналмилалии Агроаксияи Олмон дар доираи ҳамкорӣ дар деҳаи Вранги ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Муассисаи давлатии «Литсейи касбии техники»-ро пурра навсозӣ намуда, онро бо техника ва таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз гардонид.
Ҳамзамон ташкилот тасмим гирифтааст, ки дар ояндаи наздик дар ноҳияи Лахш Литсейи касбии техникии муосир сохта, мавриди истифода қарор диҳад.
Дар вохӯрӣ Фарҳод Раҳимӣ ба Директори Ташкилоти байналмилалии Агроаксияи Олмон Ёоханнес Калтенбах барои дастгириҳои пайваста миннатдорӣ намуда, пешниҳод кард, ки дар доираи имкониятҳои ташкилот дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин низ ҷиҳати таъсиси Литсейи касбии техникӣ мусоидат намоянд.
Аз ҷониби Директори Ташкилоти байналмилалии Агроаксияи Олмон Ёоханнес Калтенбах пешниҳоди мазкур хуб пазируфта шуда, таъкид гардид, ки дар ояндаи наздик сохтмони муассисаи мазкур ба нақша гирифта мешавад.
Бояд гуфт, ки Ташкилоти байналмилалии Агроаксияи Олмон аз соли 1994 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намуда, шуруъ аз соли 2015 дар бахши таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва таҳсилоти калонсолон дар Тоҷикистон саҳм гузошта истодааст.
АКС: Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба ҷашни 40-солагии Истиқлоли давлатӣ ва фарҳанги истифодаи неруи барқ ҳамоиш доир шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо муассисаҳои илмии вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба ташаккули фарҳанги муошират конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд






