Барои ҷавонони Тоҷикистон мактаби тобистонаи зиддикоррупсионӣ ташкил карда мешавад

Июль 12, 2024 16:16

ДУШАНБЕ, 12.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Аз 12 то 16 августи соли равон дар маҷмааи истироҳатии «Ёс»-и шаҳри Ваҳдат барои ҷавонон мактаби тобистонаи зиддикоррупсионӣ ташкил карда мешавад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Мактаби тобистонаро дафтари барномаҳои Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар Душанбе дар ҳамбастагӣ бо Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Иттифоқи ташкилотҳои ҷамъиятии зидди коррупсия ва шаффофият баргузор менамоянд.

Дар чорабинӣ мутахассисон аз Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Дафтари барномаҳои Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар Душанбе, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва мутахассисони сатҳи байналмилалӣ иштирок намуда, вобаста ба масъалаи коррупсия лексияҳо ва машғулиятҳои интерактивӣ баргузор менамоянд.

Ҳадаф аз ташкили ин чорабинӣ баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии зиддикоррупсионии ҷавонон, ҷалби ҷавонон ба масоили муқовимат ба коррупсия ва табодули таҷрибаҳои беҳтарин дар самти мубориза ба коррупсия мебошад.

Иштирок дар мактаби тобистона ройгон буда, рафту омад, будубош ва хӯроки иштирокчиён аз ҷониби ташкилкунанда пурра пардохт карда мешавад.

Хоҳишмандон метавонанд барои иштирок ва ирсоли дархостҳо ба суроғаи forms.gle-и Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия муроҷиат намоянд.

АКС аз манбаъҳои боз

Июль 12, 2024 16:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!