БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ ПАРИЖ-2024. Ҳарифони паҳлавонони тоҷик дар ин мусобиқот муайян шуданд

Июль 26, 2024 16:18

ДУШАНБЕ, 26.07.2024. /АМИТ «Ховар»/. Шоми дирӯз дар пойтахти Фаронса, шаҳри Париж маросими қуръакашии 33-юмин Бозиҳои тобистонаи олимпӣ аз риштаи гӯштини ҷудо баргузор шуд. Тоҷикистонро маротибаи аввал дар таърих дар Бозиҳои олимпӣ 6 ҷудокор – Эмомалии Нуралӣ дар вазни то 66 кг, Беҳрӯзи Хоҷазода дар вазни то 73 кг, Сомон Маҳмадбеков дар вазни то 81 кг, Комроншоҳи Устопириён дар вазни то 90 кг, Ҷаҳонгир Маҷидов дар вазни то 100 кг ва Темур Раҳимов дар вазни +100 кг муаррифӣ мекунанд. Дар ин хусус шореҳи варзиш Алӣ Шарифов аз макони мусобиқот ба мухбири АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар дод.

Ба иттилои номбурада, пас аз маросими қуръакашӣ, ки аз рӯӣ 14 вазн байни бонувон ва мардон баргузор шуд, ҷудокорон рақибони хешро дар ин мусобиқаи бонуфузи ҷаҳонӣ муайян карданд. Аз ин миён ҷудокорони мо низ рақибони хешро шинохтанд.

Эмомалии Нуралӣ паҳлавони умедбахши тоҷик дар вазни то 66 кг дар даври аввал озод буда, дар даври дуюм бо ғолиби ҷуфти Баруч Шмаилови исроилӣ ва Абдураҳмон Боушитаи марокашӣ рақобат мекунад. Ин рақобат пас аз нисфирӯзии 28 июл доир мегардад.

Бояд гуфт, ки Баруч Шмаилови 29- сола бори дуюм аст, ки дар Олимпиада иштирок мекунад. Ӯ барандаи нишони тилло, нуқра ва биринҷии мусобиқаи «Ситораҳои ҷудои ҷаҳон» мебошад. Абдураҳмон Боушитаи 26 -сола ҷудокори навкор буда, бори аввал аст, ки дар Бозиҳои олимпӣ баромад мекунад. Дар мавриди пирӯзӣ дар даври дуюм Эмомали Нуралиро дар даври сеюм қаҳрамони олимпӣ Ҳифуми Абеи ҷопонӣ интизор аст.

Беҳрӯзи Хоҷазода дар вазни то 73 кг дар даври аввали Бозиҳои олимпӣ бо ҷудокори канадагӣ Артур Маргелидони 30 — сола сабқат мекунад. Артур дорандаи нишонҳои нуқра ва биринҷии мусобиқаи «Ситораҳои ҷудои ҷаҳон» буда, бори дуюм аст, ки дар Олимпиада иштирок мекунад. Дар ҳолати ду пирӯзӣ дар даври сеюм Беҳрӯз Хоҷазода бо қаҳрамони ҷаҳон Ҳидоят Ҳайдарови озарӣ сабқат мекунад.

Сомон Маҳмадбеков дар вазни то 81 килограмм бори аввал аст, ки дар Бозиҳои олимпӣ ҳунару маҳорати худро месанҷад. Қаблан, дар Бозиҳои олимпии Токио -2020 паҳлавони мо зери вазни то 73 килограмм баромад карда, ноком шуда буд. Сомон дар даври аввал озод буда, дар даври дуюм бо Фарес Бадавии 28 -сола аз Фаластин қувваозмоӣ мекунад. Ин ҷудокори навкор бори аввал дар Олимпиада иштирок мекунад. Дар ҳолати роҳ ёфтан ба даври нимниҳоӣ Сомон Маҳмадбеков бо қаҳрамони дукаратаи ҷаҳон Тато Григалашвили рӯ ба рӯ мешавад.

Комроншоҳи Устопириён дар вазни то 90 кг бори сеюм аст, ки Тоҷикистонро дар Бозиҳои олимпӣ муаррифӣ мекунад. Дар даври аввал Комроншоҳ бо Тристани Мосахлишвилии 26- сола аз Испания рақобат мекунад. Дар мавриди пирӯзӣ Комроншоҳи Устопириён бо Эрлан Шерови қирғиз рӯ ба рӯ хоҳад шуд.

Ҷаҳонгир Маҷидов дар вазни то 100 килограмм ягона ҷудокори тоҷик аст, ки тариқи квота роҳхати Бозиҳои олимпиро соҳиб шуд. Ҷаҳонгир Маҷидов дар даври аввал бо намояндаи мизбон Аурелиен Диессе қувваозмоӣ мекунад. Дар ҳолати роҳ ёфтан ба даври нимниҳоӣ Ҷаҳонгир Маҷидов бо қаҳрамони ҷаҳон Зелюм Катсоеви озарӣ гӯштин мегирад.

Темур Раҳимов паҳлавони сангинвазни тоҷик дар даври аввал озод буда, дар даври дуюм бо ғолиби ҷуфти Эрик Абрамов аз Олмон ва Одхуу Тсетсентсенгело аз Муғулистон гӯштин мегирад. Дар мавриди пирӯзӣ Темурро паҳлавони узбек Алишер Юсупов дар даври баъдӣ интизор аст.

Ёдрас мешавем, ки Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Бозиҳои тобистонаи олимпии Париж-2024 14 варзишгар аз рӯйи 6 намуди варзиш, аз ҷумла гӯштини ҷудо, бокс, таэквондо, гӯштини тарзи озод, шиноварӣ ва варзиши сабук муаррифӣ мекунад.

Мавриди тазаккур аст, ки Бозиҳои тобистонаи олимпии Париж- 2024 аз 26 июл то 11 август баргузор мегарданд. Барномаи бозиҳо аз 32 намуди варзиш иборат буда, иштироки 10 500 варзишгар аз 206 давлати ҷаҳон дар назар аст. Варзишгарон барои 329 маҷмӯи медалҳо байни ҳам мубориза мебаранд.

АКС аз манбаъҳои боз

Июль 26, 2024 16:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол дар ноҳияи Данғара байни омӯзгорон мусобиқаи футбол доир шуд
Дар Дави миллӣ дар Душанбе беш аз 32 ҳазор нафар иштирок намуданд
ЧЕМПИОНАТИ CAFA-2026. Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон тими Афғонистонро мағлуб кард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) иштирокашро дар Ҷоми Осиё-2026 ба анҷом расонид
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон мусобиқаи футбол доир гардид
Мустафо, Абдулло ва Шарифҷон шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Муъминободро соҳиб шуданд
Дар ноҳияи Темурмалик Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) баргузор шуд
Дар Тоҷикистон Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ баргузор мегардад
Дар Истаравшан Чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини юнонӣ-румӣ доир шуд
ҶОМИ ОСИЁ-2026. Дастаи наврасони Тоҷикистон дар даври чорякниҳоии мусобиқа бо дастаи Ҷопон бозӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо тимҳои Австралия, Ироқ ва Сингапур бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Чин иштирок дорад