ЧЕМПИОНАТИ CAFA-2024. Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бар Афғонистон ғолиб омад
ДУШАНБЕ, 08.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби ҷавонони то 20 -солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар даври дуюми мусобиқоти қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ дастаи мунтахаби ҷавонони Афғонистонро мағлуб кард. Дар ин хусус корманди Федератсияи футболи Тоҷикистон Наимҷон Қурбонов аз макони баргузории мусобиқот ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар дод.
Бозӣ 7 июл дар варзишгоҳи «Қурмонбек»-и Ҷалолободи Қирғизистон хеле ҷолиб баргузор шуда, бо ҳисоби 1:0 ба фоидаи дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон анҷом ёфт. Аз ҳайати дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон Азизбек Далиев ягона голи бозиро ба нишон расонид.
Ёдовар мешавем, ки дар даври баъдӣ 9 июл дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Қирғизистон вомехӯрад. Вохӯрӣ соати 21:00 ба вақти Душанбе оғоз мешавад.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Дар Истаравшан Чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини юнонӣ-румӣ доир шуд
ҶОМИ ОСИЁ-2026. Дастаи наврасони Тоҷикистон дар даври чорякниҳоии мусобиқа бо дастаи Ҷопон бозӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо тимҳои Австралия, Ироқ ва Сингапур бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Чин иштирок дорад
ФУТБОЛ. Дастаи наврасони Тоҷикистон (U-17) ба Ҷоми ҷаҳон-2026 роҳ ёфт
Дар ноҳияи Темурмалик Мусобиқаи байналмилалии гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) баргузор мегардад
Соли 2024 Маҷмаи Умумии СММ пешниҳоди Тоҷикистон доир ба эълони Рӯзи ҷаҳонии футболро пазируфт
Ба муносибати Рӯзи телевизион, радио ва кормандони соҳаи алоқа мусобиқаҳои варзишӣ доир гардиданд
ҶОМИ ОСИЁ-2026. Дастаи наврасони Тоҷикистон (U-17) мусобиқаро бо ғалаба оғоз намуд
Ғолибони даври ҳафтуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд
ҶОМИ ОСИЁ-2026. Имрӯз дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон оид ба футбол бозии аввалро анҷом медиҳад
DUSHANBE GRAND SLAM 2026: ҷудокорони Тоҷикистон 4 медал ба даст оварданд






