Дар «Чангоб»-и Ҳисор зиёда аз 130 нафар хонанда ба истироҳат фаро гирифта шуданд

Июль 5, 2024 13:55

ҲИСОР, 05.07.2024. /АМИТ «Ховар»/. Истироҳатгоҳи маърифатию фароғатии «Чангоб», ки дар деҳаи Чангоби Ҷамоати деҳоти Хонақоҳи Кӯҳии шаҳри Ҳисор воқеъ аст, дар басти якум беш аз 130 нафар кӯдаку наврас, аз ҷумла ятимони куллро ба истироҳату фароғат фаро гирифт. Дар ин хусус котиби матбуоти Раиси шаҳри Ҳисор Ҳидоятулло Холзода ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд иттилоъ дод.

Истироҳатгоҳи маърифатию фароғатии «Чангоб» бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор таъмиру навсозӣ шуда, аз ҷумла бо бунгоҳи тиббӣ, ҳавзи муосири шиноварӣ, майдончаҳои варзишӣ, ошхона ва хобгоҳҳои барҳаво таъмин мебошад.

Дар ин макони фароғатӣ омӯзгорон – мураббияҳои ботаҷриба аз рӯйи барномаи таълимию фароғатии истироҳатгоҳ кӯдакону наврасонро ба ватандӯстию худшиносӣ роҳнамоӣ менамоянд.

Ҳамчунин дар баробари ин дар муассисаҳои таълимӣ, кӯдакистонҳо ва мактабҳои варзишии шаҳри Ҳисор зиёда аз 5 ҳазор нафар хонанда ба истироҳатгоҳҳои солимгардонӣ ҷалб шудаанд ва 51 нафар хонандаи дигари шаҳр дар истироҳатгоҳи «Файзи Истиқлол» истироҳат менамояд.

Тавре масъулини истироҳатгоҳи «Чангоб» иброз намуданд, кӯдакону наврасон дар як баст 12 рӯз истироҳат менамоянд. Онҳо чор вақт бо хӯроки гарм таъмин буда, пайваста зери назорати табибону омӯзгорон қарор доранд. Барои истироҳати бофароғати кӯдакону наврасон тамоми шароити зарурӣ фароҳам оварда шуда, бехатарии онҳо ҳангоми варзиш, оббозӣ ва дигар машғулиятҳо пурра таъмин карда шудааст.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор

Июль 5, 2024 13:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд