Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб барои омӯзгорону донишҷӯён хобгоҳи 10-ошёна сохта мешавад

Июль 31, 2024 09:46

ДУШАНБЕ, 31.07.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб барои омӯзгорону донишҷӯён хобгоҳи 10-ошёна сохта мешавад. Дар ин хусус ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб Дилшод Раҳмон зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.

«Тадбирҳои ҳамоҳангсозӣ ва расмиёти ҳуҷҷатгузорӣ роҷеъ ба сохтмони бинои 10-ошёнаи хобгоҳ барои омӯзгорону донишҷӯён бо тарҳи муосиру шароити муносиб дар рӯ ба рӯйи бинои факултети физика ва математика, пушти бинои кӯдакистони донишгоҳ пурра ба анҷом расида, оғози корҳои сохтмонӣ дар назар аст», — гуфт ректори донишгоҳ.

Зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дода шуд, ки шумораи умумии хатмкунандагон дар соли 2024 дар таълими рӯзона, фосилавӣ ва магистратура 2 ҳазору 327 нафарро ташкил медиҳад.

Донишҷӯёне, ки донишгоҳро бо дипломи аъло хатм намудаанд, 60 нафарро ташкил медиҳанд, ки нисбат ба соли 2023 8 нафар зиёд аст.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Июль 31, 2024 09:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар 32-солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистон таҷлил карда шуд
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид
Туҳфаҳои Пешвои миллат ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати шаҳри Истаравшан супорида шуданд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид