Дар Душанбе ҷаласаи роҳбарони мақомоти корҳои дохилии пойтахтҳои давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид

Июль 11, 2024 16:10

ДУШАНБЕ, 11.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе Ҷаласаи роҳбарони мақомоти корҳои дохилии пойтахтҳои давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».

Ҷаласаро сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе Шоҳрух Саидзода ифтитоҳ намуда, меҳмононро ба Тоҷикистони офтобӣ хайрамақдам гуфт.

Таъкид гардид, ки ҷаласаи имрӯза барои ҷамъбасти натиҷаҳои асосии ҳамёрӣ ва муайян кардани нақшаҳои минбаъдаи ҳамкории мақомоти корҳои дохилии пойтахтҳои давлатҳои ИДМ имкони мусоид аст.

«Таҷрибаи баргузории чунин чорабиниҳо далели равшани он аст, ки моро дарки зарурати ба роҳ мондани муносибатҳои эътимоднок дар истифодаи самараноки захираҳо ва мубориза бо ҷинояткорӣ дар ҳама шаклҳои он муттаҳид мекунад», — илова намуд сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе Шоҳрух Саидзода.

Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода зимни суханронӣ изҳор дошт, ки барои мо боиси ифтихор аст, ки чорумин Ҷаласаи роҳбарони мақомоти корҳои дохилии пойтахтҳои давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад. Мулоқоти имрӯза дар мубориза ба муқобили ҷинояткорӣ саҳми арзанда гузошта, ба ҳамкории мақомоти корҳои дохилии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил такони ҷиддӣ мебахшад, ҳамкории мақомоти корҳои дохилии пойтахтҳои иттиҳодро дар самтҳои асосии фаъолияти оперативӣ-хизматӣ тақвият мебахшад ва ин ҳама ба мо имкон медиҳад, ки мо боз ҳам муттаҳид бошем.

Дар идомаи кори ҷаласа мушкилот ва таҷрибаи мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ мавриди муҳокима қарор гирифта, мураккаб гардидани вазъи паҳншавии маводи мухаддир ва ҷиноятҳои вобаста ба он, ки аз ҷониби шаҳрвандони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил содир мешаванд, инчунин мушкилот ҳангоми ҳамкории байналмилалӣ ва роҳҳои ҳалли он баррасӣ шуданд.

Иштирокдорони ҷаласа таъкид карданд, ки табодули таҷриба байни кормандони мақомоти корҳои дохилии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил хеле муҳим мебошад.

Дар ҷаласа маҷмуи васеи масъалаҳо вобаста ба мубориза бо ҷинояткорӣ, ҳолати ҷинояткорӣ дар ҳудуди давлатҳои аъзои иттиҳод, рафти иҷрои барномаҳои байнидавлатӣ оид ба мубориза бо ҷиноятҳои махсусан вазнин — паҳн кардани маводи мухаддир, савдои силоҳ, мубориза бо гурӯҳҳои ҷиноятии фаромиллӣ, терроризм ва ифротгароӣ баррасӣ шуданд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 11, 2024 16:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд