Дар Душанбе маҷлиси Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 18.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. 17 июл дар шаҳри Душанбе маҷлиси Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар маҷлис муовини якуми Раиси ҳизб Абдуҷаббор Азизӣ иштирокчиёнро бо ду масъала «Дар бораи вазифаҳои ташкилотҳои ҳизбӣ баҳри баланд бардоштани худшиносии миллӣ ва пешгирии падидаҳои номатлуби иҷтимоӣ, ки аз дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеоянд» ва «Дар бораи даъвати Анҷумани 15-уми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон» шинос намуд.
Оид ба масъалаи якуми рӯзномаи маҷлис иброз гардид, ки соли равон барои аъзо ва ҷонибдорони ҳизб соли хотирмон хоҳад буд, зеро имсол 30 — солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҷлил мегардад.
«Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон тули 30 сол зери роҳбарии Президенти мамлакат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи пурпечутобро тай намуда, имрӯз ба як неруи қудратманду тавоно табдил ёфтааст ва саҳми он дар ҳама самтҳо ва паҳлуҳои ҳаёти ҷомеаи мо бузургу барҷаста аст», — афзуд Абдуҷаббор Азизӣ.
Таъкид гардид, ки худшиносии миллӣ инъикосгари хусусиятҳои руҳиву равонии афроди ҷомеа, шинохти мақом ва нақши таърихию сиёсии миллат, шинохти ҷойгоҳи худ дар тамаддуни ҷаҳонӣ ва ташаккули ифтихору ғурури созандаи миллӣ аст. Худшиносии миллӣ, пеш аз ҳама дарки зарурати суботу амният, ваҳдат ва якпорчагии марзу буми ватан ва дар ҳифзи манфиатҳои миллӣ яктану якҷон будан аст.
Гуфта шуд, ки талошҳои фарҳангсолоронаи Пешвои муаззами миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон замина фароҳам овард, ки миллати тоҷик ҳамчун воҳиди ягонаи сиёсӣ ва фарҳангӣ ташакул ёбад.
«Яке аз иқдомҳои назарраси ташкилотҳои ҳизбӣ дар солҳои охир, тақвият бахшидани худшиносию ватандустӣ, масъулияти шаҳрвандӣ ва ба корҳои созандагӣ ҷалб намудани сокинони мамлакат аст»,-таъкид гардид дар ҷаласа.
Доир ба масъалаи сеюми рӯзномаи маҷлиси Раёсат «Дар бораи даъвати Анҷумани 15 – уми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон» қарор қабул гардид, ки Анҷумани 15-уми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон моҳи декабри соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор гардад. Мутобиқи қарори қабулгардида, меъёри намояндагӣ дар Анҷуман аз 320 нафар аъзо, як нафар муқаррар шуд.
Дар кори маҷлис ташкилотҳои ҳизбӣ муваззаф гардиданд, ки масъалаи ватандӯстӣ ва худшиносии миллиро дар фаъолияти худ афзалият бахшида, барои пешгирӣ аз таасубу хурофот, гароиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротию иртиҷоӣ чораҳои мушаххас ва муассирро амалӣ созанд. Ҳамкориро бо тамоми сохторҳои давлатию ҳукуматӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ пайваста таҳким бахшида, ба он муваффақ гарданд, ки дар ҳалли масъалаҳои сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ нақши шоиста дошта бошанд.
Ҳамчунин ба масъалаҳои таъмини амнияти мамлакат ва муборизаи беамон ба зуҳуроти хатарноки замони муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм, таасубу хурофот ва дигар падидаҳои манфӣ эътибори ҷиддӣ дода, таъкид гардид, ки корҳои фаҳмондадиҳиро байни аҳолӣ вусъат бахшида, мардумро ба корҳои ободониву созандагӣ, татбиқи нақшаҳо вобаста ба Соли маърифати ҳуқуқӣ ва бо дастовардҳои арзанда истиқбол гирифтани 30 — солагии Ҳизби Халқии Демокоратии Тоҷикистон ва 30 — солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват намоянд.
Бо итминон иброз гардид, ки ташкилотҳои ҳизбӣ фаъолиятро беш аз пеш тавсеа бахшида, рисолати худро дар фаъолияти минбаъда низ, дар татбиқи ғояҳои созандаи низоми давлатдории миллӣ, ки аз ҷониби Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мушаххас гардидаанд, бо самимияти хосса анҷом хоҳанд дод.
АКС: Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон








Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд






