Дар Хоруғ Варзишгоҳи марказӣ аз нав таъмир гардид

Июль 17, 2024 10:22

ДУШАНБЕ, 17.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Варзишгоҳи марказии шаҳри Хоруғ бозсозӣ карда шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.

Дар Варзишгоҳи марказии Хоруғ, ки қобилияти ғунҷоиши 6 ҳазор тамошобинро дорад, сабзаи сунъӣ насб гардид. Роҳравҳо барои дав иваз карда шуда, утоқҳои либосивазкунӣ таъмир ва нурафканҳо насб гардиданд.

Дар доираи маросими ифтитоҳи варзишгоҳи таъмиршуда фестивали футбол баргузор гардид.

Дар ҷашнвораи варзишӣ ба кӯдакон тӯбҳои Федератсияи футболи Тоҷикистон тақдим карда шуданд.

Пас аз анҷоми фестивал байни дастаи «Помир»-и вилоят ва дастаи ҷавонони «Равшан»-и Кӯлоб бозии дӯстона баргузор гардида, бо ҳисоби 2:2 анҷом ёфт.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Июль 17, 2024 10:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Маросими гусели ҳайати дастаи мунтахаби паралимпии мамлакат ба Бозиҳои V Параосиёӣ баргузор гардид
Иштирокдорони Бозиҳои 20-уми Осиёӣ—2026-ро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозии дӯстона бар тими миллии Чин пирӯз шуд
Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Чин бозии дӯстона анҷом медиҳад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон (U-17) бо тими Урдун мусовӣ бозӣ кард
Дар Сафорати Тоҷикистон дар Салтанати Умон бо дастаи мунтахаби олимпии футболи Тоҷикистон вохӯрӣ доир шуд
Дар Ҷамоати деҳоти Роҳатии ноҳияи Рӯдакӣ иншооти нави таълимию варзишӣ ба истифода дода шуданд
Дар вилояти Хатлон беш аз 40 мактаби варзишӣ фаъолият дорад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Русия бозии дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ бо мунтахаби Чин оғоз намуд
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо ҳамсолони худ аз Умон ду бозии дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Мурғоб майдончаҳои нави варзишӣ ба истифода дода шуданд