Дар Маркази миллии патенту иттилоот бо намояндагони Иттиҳоди Аврупо вохӯрӣ доир гардид
ДУШАНБЕ, 06.07.2024. /АМИТ «Ховар»/. 5 июл дар Маркази миллии патенту иттилооти Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти роҳбарияти Марказ бо намояндагони Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Маркази миллии патенту иттилоот хабар доданд, дар мулоқот директори Маркази миллии патенту иттилоот Мирзо Исмоилзода, Сардори Намояндагӣ — Сафири Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Раймундас Карболис ва менеҷери барномавии намояндагии Иттиҳод Карин Олислагерс иштирок намуданд.
Дар раванди музокирот боби 8-и лоиҳаи Созишномаи шарикӣ ва ҳамкории тавсеаёфта Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо (Enhanced Partnership and Cooperation Agreement), ки масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи моликияти зеҳниро дар бар мегирад, муҳокима гардид.
Натиҷаҳои назаррас вобаста ба моҳияти муқаррароти санади номбаршуда ва ҳамоҳансозии он ба қонунгузории соҳавии тарафҳо ба даст оварда шуданд.
АКС: Маркази миллии патенту иттилоот








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






