РУШДИ САЙЁҲӢ. Дар ноҳияи дурдасти Мурғоб се меҳмонхонаи замонавӣ ба истифода дода шуд
ДУШАНБЕ, 03.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар раванди корҳои созандагию ободонӣ ба истиқболи сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи баландкӯҳи Мурғоб аз ҷониби соҳибкорони ноҳия се меҳмонхонаи замонавӣ- «Сайёҳи шарқӣ», «Истиқлол» ва «Нури кӯҳистон» сохта ба истифода дода шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мурғоб.
Меҳмонхонаи «Сайёҳи шарқӣ» бо 38 ҷойи хоб дар Ҷамоати деҳоти Қаракул, меҳмонхонаи «Нури кӯҳистон» бо 8 ҷойи хоб ва меҳмонхонаи «Истиқлол»-и мавзеи Шаштепа бо 6 ҷойи хоб дар деҳоти Аличур мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд, ки дар онҳо барои 17 нафар сокини маҳаллӣ ҷойи корӣ фароҳам оварда шуд.
Меҳмонхонаҳо бо сифтаи баланд ва тарҳи муосир бунёд гардидаанд, ки барои хизматрасонии босифат ба сайёҳони хориҷӣ муосидат менамояд.
Дар маросими ба истифода додани меҳмонхонаҳои нав раиси ноҳияи ноҳияи Мурғоюб Хусния Раҷабзода иброз намуд, ки сайёҳӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб шуда, таҳти таваҷҷуҳи роҳбарияти олии мамлакат қарор дорад. Ин аст, ки дар ноҳияи дурдасти Мурғоб соҳаи сайёҳӣ беш аз пеш густариш меёбад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мурғоб










Президенти Тоҷикистон: «Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо мардуми меҳмоннавоз ва имконоти васеи сайёҳӣ маҳбубияти зиёд дорад»
МАНЗАРАҲОИ ҶОЛИБИ ТОҶИКИСТОН — САРВАТИ БУЗУРГИ САЙЁҲӢ. Эҳдо ба Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ
27 СЕНТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ САЙЁҲӢ. Дар Тоҷикистон барои рушди сайёҳии дохилию байналмилалӣ тадбирҳои муассир андешида мешаванд
РУШДИ СОҲАИ САЙЁҲӢ. Хостел ва мотел аз ҳамдигар чӣ фарқ доранд?
Дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе – 2026 зиёда аз 115 ширкату ташкилот иштирок доранд
Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2026 оғоз гардид
ҲАМГИРОИИ ШАҲРҲО ДАР ТАТБИҚИ ИМКОНОТИ САЙЁҲИИ УСТУВОР. Дар Душанбе форуми байналмилалӣ доир гардид
Ҷаласаи Шуро оид ба сайёҳии давлатҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
Дар Душанбе форум ва намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Кумитаи рушди сайёҳӣ барои рушди соҳа ва тарғиби имконоти сайёҳии Тоҷикистон озмун эълон намуд
САЙЁҲИИ РАҚАМӢ. Дар Душанбе лоиҳаи замимаи мобилии «Ватан» муаррифӣ гардид
Имконоти сайёҳӣ ва ҳунарҳои миллии Тоҷикистон дар шаҳри Тула муаррифӣ гардид






