Дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ бинои нави маъмурии кумитаи идораи замин бунёд мешавад

Июль 23, 2024 17:20

ДУШАНБЕ, 23.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳи вилояти Суғд бинои нави маъмурии кумитаи идораи замин ва корхонаи давлатии фаръии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» бунёд мегардад.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, тибқи лоиҳа бино аз 2 ошёна иборат буда, дар он таҳхона, 10 утоқи корӣ ва маҷлисгоҳ сохта мешавад.

Масоҳати умумии барои бино ҷудошуда 1200 метри мураббаъро ташкил дода, дар 150 метри мураббаъи он ин бино сохта мешавад. Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ Ориф Хоҷазода бо сохтмончиён суҳбат намуда, ҷиҳати бо сатҳу сифати баланд ва бо назардошти лоиҳаи тасдиқшуда бунёд намудани бинои нав дастур дода шуд.

Бояд гуфт, ки дар доираи омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ аз ҳисоби маблағҳои дохилии Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ то имрӯз биноҳои маъмурӣ дар ноҳияҳои Хуросон, Айнӣ, Роштқалъа пурра ба анҷом расонида шуда, сохтмони биноҳои маъмурӣ дар ноҳияҳои Ховалинг ва Варзоб идома доранд.

АКС: Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Июль 23, 2024 17:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Данғара нақшаи ҷамъоварии пахта 100 фоиз иҷро гардид
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд