Дар Ню-Йорк тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон бо ESCAP ва UNECE баррасӣ шуд

Июль 19, 2024 19:12

ДУШАНБЕ, 19.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. 16 июл дар ҳошияи Форуми сиёсии сатҳи баланд оид ба рушди устувор Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид Ҷонибек Ҳикмат бо муовини Дабири кул, котиби иҷроияи Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид барои минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором хонум Армида Салсиаҳ Алисҷаҳбана (ESCAP) ва котиби иҷроияи Комиссияи иқтисодии Созмони Милали Муттаҳид барои Аврупо (UNECE) хонум Татяна Молчан вохӯрӣ намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид иттилоъ доданд.

Дар вохӯриҳо ҷонибҳо доир ба тавсеаи ҳамкорӣ  бо Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид барои минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором (ESCAP) ва Комиссияи иқтисодии Созмони Милали Муттаҳид (UNECE) дар бахшҳои обу иқлим, муҳити зист, паст кардани хатари офатҳои табиӣ, нақлиёт табодули афкор намуданд.

Инҷунин дар ҷараёни он доир ба натиҷаҳои Конфронси сеюми сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии «Об барои рушди устувор, 2018-2028», ки дар доираи «Раванди оби Душанбе» аз 10 то 13 июни соли 2024 дар Тоҷикистон баргузор гардид, мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ҷонибҳо оид ба баргузории чорабиниҳои муштарак дар ҳошияи ҳафтаи сатҳи баланди иҷлоси 79-уми Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид изҳори назар карданд.

 

АКС: Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид

Июль 19, 2024 19:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард
Дар Сеул Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Намояндаи Тоҷикистон дар брифинги Конвенсия оид ба ботлоқзор дар Женева иштирок намуд
Дар Ашқобод Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон бо шаҳрдори Риёз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо сардабири рӯзномаи «Алҷарида»-и Давлати Кувайт вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон дар ҳамоиши 42-юми Намоишгоҳ ва Конфронси байналмилалӣ оид ба нафту гази Абу-Забӣ иштирок намуд
Идибек Қаландар дар Муколамаи Манома «IISS Manama Dialogue» иштирок намуд
Ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Лаос мулоқот намуданд
Интишори мусоҳибаи сафири Тоҷикистон дар Кувайт дар рӯзномаи кувайтии «Алҷарида»