Дар «Роҳи оҳани Тоҷикистон» вохӯрии гурӯҳи корӣ бо занону духтарон доир шуд
ДУШАНБЕ, 26.07.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз вохӯрии гурӯҳи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур бо занону духтарони Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» доир шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» хабар доданд.
Вохӯрӣ дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дин, олимон ва кормандони соҳаи маориф ироа доштанд, инчунин бахшида ба Соли маърифати ҳуқуқӣ баргузор шуда, дар он муҳтавои қонунҳои миллӣ — «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак», ки 20 июли соли 2024 бо тағйиру иловаҳои нав қабул гардиданд, шарҳ дода шуданд.
Таъкид гардид, ки дар амалӣ намудани танзими расму ойин, ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллӣ, либоси миллӣ, дар ниҳоди фарзандон тарбия намудани ҳисси ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, инсондӯстиву масъулиятшиносӣ, талқин намудани урфу одатҳо дар зеҳну шуури наслҳо ягон қуввае дигар бештар аз занону духтарон саҳм гирифта наметавонад.
Аз иштирокчиён даъват карда шуд, ки дар таблиғ ва муосиргардонии либоси миллӣ, ки он яке аз воситаҳои асосии шинохти миллат дар ҷаҳон аст, саҳмгузор бошанд.
Гуфта шуд, ки ҳар як зан-духтари тоҷик бояд ба муқаддасотӣ миллӣ арҷ гузорад, арзишҳои ниёгонро ҳифз ва риоя намояд, дар пешгирии хурофот ва бегонапарастие, ки солҳои охир байни бархе аз занон роиҷ гардидааст, саҳм дошта бошад.
АКС: Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон»











Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст






