Дар шаҳри Ҳисор доир ба нақши занон дар рушди ҷомеа ҳамоиш доир гардид
ДУШАНБЕ, 24.07.2024. /АМИТ «Ховар»/. Аз 2,5 то ба 5 миллион сомонӣ расонидани маблағҳои гранти Президентӣ барои бонувони ҳунарманд ва соҳибкор аз дастгирӣ ва ғамхориҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дарак медиҳад. Ин матлабро 23 июл Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бунафша Файзиддинзода зимни вохӯрӣ бо бонувон ва аҳли ҷамоатчигии шаҳри Ҳисор баён дошт.
Иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Ҳисор Ҷаббор Носирзода дар вохӯрӣ гуфт, ки «Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, дар баробари таъмини ҳуқуқу манфиатҳои зан ва оила, васеъ намудани доираи иштироки онҳо дар ҳалли вазифаҳои иҷтимоию иқтисодӣ, идораи корҳои давлатию ҷамъиятӣ, татбиқи сиёсати давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт, ҳамчунин ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва сиёсии занон пайваста мусоидат менамояд ва минбаъд низ барои татбиқи ин ҳадафҳо ва риоя гардидани талаботи қонунҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» тадбирҳои заруриро роҳандозӣ менамояд».
Дар ҳаммоиш нақши занон дар рушди ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, бахусус, ҳифзи арзишҳои милливу фарҳангӣ, дар ниҳоди фарзандон тарбия намудани ҳисси ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, инсондӯстиву масъулиятшиносӣ, инчунин, пешгирӣ кардан аз омилҳои номатлуби иҷтимоӣ муҳим арзёбӣ гардид
Ҳамчунин зимни вохӯрӣ гуфта шуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди минбаъдаи мамлакат, ҳадафҳои стратегии таъмини босуботи рушди иқтисодиёти Тоҷикистон, аз ҷумла таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати мамлакат, имрӯз таҳти сиёсати дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таъмини зиндагии шоистаи мардум гомҳои устувор гузошта истодааст.
АКС: Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Данғара нақшаи ҷамъоварии пахта 100 фоиз иҷро гардид
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба нақши Конститутсия дар таъмини баробарии гендерӣ ҳамоиш доир шуд
Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид






