Дар шаҳри Истаравшан Фестивали саводнокии молиявӣ доир гардид
ДУШАНБЕ, 06.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Бонки миллии Тоҷикистон ва намояндагони ташкилотҳои қарзии молиявӣ, суғуртавӣ ва шарикони рушд дар шаҳри Истаравшан Фестивали «Саводнокии молиявӣ» баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Бонки миллии Тоҷикистон.
Роҳбарияти шаҳри Истаравшан ва намояндаи Бонки миллии Тоҷикистон вобаста ба муҳиммияти баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии аҳолӣ, доир ба ҳадафҳои асосии баргузор намудани Фестивали саводнокии молиявӣ сухан намуданд.
Дар идома мутахассисони Бонки миллӣ ва намояндагони ташкилотҳои қарзии молиявӣ доир ба саводнокии молиявӣ, аз ҷумла рушди ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ дар заминаи технологияҳои муосир, пешгирии амалҳои қаллобони молиявӣ, нақши ташкилотҳои молиявӣ дар баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии аҳолӣ, инчунин роҳҳои қаллобии молиявӣ ва ошкор намудани он маърӯза намуданд.
Инчунин дар ҷараёни фестивал озмунҳо гузаронида шуда, ба ғолибон туҳфаҳои хотиравӣ, аз қабили телевизор, планшет, телефони мобилӣ ва гушмонакҳои бесим тақдим гардид.
АКС: Бонки миллии Тоҷикистон










Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






