Дар Суғд саҳми шуроҳои ҷамъиятиро дар амалишавии ислоҳоти милитсия баррасӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 17.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. 16 июл дар шаҳри Хуҷанд дар доираи «Барномаи давлатии ислоҳоти милитсия барои солҳои 2021-2025» ҳамоиш дар мавзуи «Саҳми шуроҳои ҷамъиятӣ дар амалишавии ислоҳоти милитсия» баргузор гардид, ки дар кори он аз тадбиқи нақшаҳои ислоҳоти милитсия ва фаъолияти шуроҳои ҷамъиятӣ дар самти мустаҳкамсозии робитаи милитсия бо ҷомеа натиҷагирӣ карда шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои дохилӣ хабар медиҳад.
Боварию эътимоди аҳолӣ бо мақомоти корҳои дохилӣ ва ҳамкорӣ ба он, иштироки шаҳрвандон дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирии ҷинояту ҳуқуқвайронкунӣ, бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ бо аҳолӣ, татбиқи барномаҳои давлатӣ ва ҷараёни хизматрасонии Нуқтаҳои сайёри милитсия аз мавзуъҳои асосии ҳамоиш буданд.
Раиси Шурои ҷамъиятии назди Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд Наим Маликисломӣ вобаста ба фаъолият ва бурду бохти шуроҳои ҷамъиятии минтақа дар 6 моҳи сипаришудаи соли равон ҳисоботи мушаххас дода, изҳор намуд, ки баҳри пешгирии амалҳои номатлуб ва баланд бардоштани боварии аҳолӣ ба милитсия фаъолият ба роҳ монда шуда, дар ҳамкорӣ бо мақомоти корҳои дохилӣ ва қишрҳои фаъоли ҷомеа аъзои Шуро аз ҳисоби шаҳрвандони гуногункасб сарҷамъ гардида, дар ислоҳоти милитсияи тоҷик ҳиссагузорӣ менамоянд.
Таъкид шуд, ки бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ, ташкили чорабиниҳои гуногуни маърифативу варзишӣ, ташкили ҳисоботи нозири минтақавии милитсия дар назди аҳолӣ, паҳн намудани видеолавҳаҳои тарғиботӣ, нашри мақолаҳо дар матбуоти даврӣ аз ҷумлаи корбариҳо дар самти «Барномаи давлатии ислоҳоти милитсия барои солҳои 2021-2025» мебошанд.
Ба гуфтаи Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсия Сафиало Азизулозода, иштироки мустақими шаҳрвандони касбу кори гуногун дар ҷараёни ислоҳот хело муҳим буда, бояд онҳо имконияти осони пешниҳод намудани таклифу дархост ва фикру андешаро дошта бошанд. Зеро чунин имконият барои боз ҳам такмил ёфтани сохтори мақомоти корҳои дохилӣ, хубу самаранок гардидани самтҳои фаъолияти хизматӣ мусоидат менамояд.
Дар маърузаҳои иштирокдорони ҳамоиш дар самти беҳбуд бахшидан ба фаъолияти шуроҳо, ҳарчӣ наздик сохтани аҳолӣ бо милитсия ва иштироки шаҳрвандон дар раванди ислоҳоти милитсия таклифу пешниҳоди муҳим баён гардид.
Гуфта шуд, ки ҳисоботи давравии нозирони минтақавии милитсия дар назди аҳолӣ мунтазам ба роҳ монда шавад, то ин ки шаҳрвандон вобаста ба вазъи криминогении минтақаи истиқоматиашон маълумот гирифта, дар бартарафсозии он иштирок намоянд.
АКС: Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид
ОҒОЗИ МАВСИМИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар вилояти Хатлон 600 ҳазор бех дарахти ороишию сояафкан шинонида мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Бахшида ба 31-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Москва ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» натиҷагирӣ карда шуд
Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба солгарди таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ баргузор гардид
Дар Хадамоти алоқа ба муносибати Рӯзи ҳуқуқи инсон ҳамоиш доир шуд






