Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ҷиҳати иштирок дар Бозиҳои олимпӣ ба шаҳри Парижи Фаронса сафар намуд

Июль 22, 2024 14:38

ДУШАНБЕ, 22.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон ҷиҳати иштирок дар 33-юмин Бозиҳои тобистонаи олимпии-2024 ба шаҳри Париж сафар намуд. Дар ин хусус шореҳи варзиш Муродалӣ Тешаев ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар дод.

Бозиҳои тобистонаи олимпӣ-2024 аз 26 июл то 11 август баргузор мегардад. Барномаи бозиҳо аз 32 намуди варзиш иборат буда, иштироки 10 500 варзишгар аз 206 давлати ҷаҳон дар назар аст. Варзишгарон барои 329 маҷмӯи медалҳо байни ҳам мубориза мебаранд.

Дар ин чорабинии варзишии сатҳи балантарин, ки дар чор сол як маротиба доир мешавад, варзишгарони тоҷик низ пайваста иштирок ва барои ба даст овардани мақомҳои ифтихори талош меварзанд.

Бояд гуфт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Бозиҳои тобистонаи олимпии Париж-2024 14 варзишгар аз рӯйи 6 намуди варзиш, аз ҷумла ҷудо, бокс, таэквондо, гӯштини тарзи озод, шиноварӣ ва варзиши сабук муаррифӣ мекунанд. Темур Раҳимов парчамбардори ҳайати олимпии Тоҷикистон таъйин шудааст.

Дар баробари Темур Раҳимов дар Бозиҳои тобистонаи олимпӣ инчунин 5 ҷудокори дигари тоҷик, аз он ҷумла Эмомалии Нуралӣ дар вазни то 66 кг, Беҳрӯзи Хоҷазода дар вазни то 73 кг, Сомон Маҳмадбеков дар вазни то 81 кг, Комроншоҳ Устопириён дар вазни то 90 кг, Ҷаҳонгир Маҷидов дар вазни то 100 кг иштирок менамоянд. Дар риштаи бокс давлати моро се муштзани соҳибмалака Баҳодур Усмонов дар вазни 63,5 кг, Миҷгона Самадова дар вазни то 57 кг ва Давлат Болтаев дар вазни то 92 кг муаррифӣ хоҳанд намуд.

Екатерина Бордачёва ва Фахриддин Мадкамов дар шиноварии тарзи озод ба масофаҳои кӯтоҳ – 50 ва 100 метр, Фаворис Музрапов дар варзиши сабук, дав ба масофаи 100 метр тариқи саҳмияи уневерсалии Федератсияи байналмиллалии шиноварӣ ба Париж мераванд. Мунира Абдусаломова дар риштаи таэквондо дар вазни +67 кило ва Виктор Рассадин дар риштаи гӯштини озод дар вазни то 74 кило дар рӯзҳои наздик роҳии Париж мешавад.

Варзишгароне, ки дар олимпиадаи Париж-2024 медали тилло мегиранд, ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 300 ҳазор сомонӣ, барандагони нишони нуқра 250 ҳазор сомонӣ ва соҳибони нишони биринҷӣ 200 ҳазор сомонӣ супурда мешавад. Инчунин бо қарори Раиси шаҳри Душанбе ба онҳое, ки дар ин бозиҳо барандаи медали тилло мешаванд, манзили сеҳуҷрагӣ, медали нуқра — дуҳуҷрагӣ ва медали биринҷӣ — якҳуҷрагӣ тақдим мегардад.

АКС: ТВ «Варзиш»

Июль 22, 2024 14:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид
Дар вилояти Суғд ғолибони мусобиқаи вилоятӣ муайян гардиданд
Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон тими Амороти Муттаҳидаи Арабиро мағлуб намуд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба камонварӣ ҷамъбаст гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба садгонаи беҳтаринҳои раддабандии ФИФА ворид шуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бо дастаи яккачини Русия бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Маросими гусели ҳайати дастаи мунтахаби паралимпии мамлакат ба Бозиҳои V Параосиёӣ баргузор гардид
Иштирокдорони Бозиҳои 20-уми Осиёӣ—2026-ро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозии дӯстона бар тими миллии Чин пирӯз шуд
Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Чин бозии дӯстона анҷом медиҳад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон (U-17) бо тими Урдун мусовӣ бозӣ кард
Дар Сафорати Тоҷикистон дар Салтанати Умон бо дастаи мунтахаби олимпии футболи Тоҷикистон вохӯрӣ доир шуд