«ДУШАНБЕ-КУЛМА». Бо кумаки молиявии Чин яке аз мушкилтарин қитъаҳои ин шоҳроҳ — «Қалъаихумб-Ванҷ-Рӯшон» таҷдид мегардад
ДУШАНБЕ, 07.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Сармоягузории Ҷумҳурии Мардумии Чин ба лоиҳаҳои соҳаи нақлиёти Тоҷикистон аз соли 2006 оғоз гардида, то имрӯз муваффақона идома дорад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Саҳми Чин дар татбиқи лоиҳаҳои стратегии роҳу нақлиёти Тоҷикистон
Тибқи иттилои манбаъ, бо дастгирии молиявии Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин ва бо иштироки ширкатҳои паймонкори Чин як қатор лоиҳаҳои стратегии сармоягузорӣ дар соҳаи роҳу нақлиёт, аз ҷумла «Сохтмон ва таҷдиди роҳи автомобилгарди «Душанбе — Хуҷанд- Бӯстон – Чаноқ» ба маблағи 216,1 миллион доллари амрикоӣ, «Сохтмони нақби автомобилгарди Шаҳристон», «Сохтмони роҳи автомобилгарди «Душанбе – Данғара», «Таҷдиди қитъаи роҳи автомобилгарди «Душанбе — Кулма» иборат аз 347 километр ва ғайра амалӣ гардиданд, ки дар татбиқи яке аз чор ҳадафи стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон –баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ба давлати воҳид табдил додани Тоҷикистон мусоидат менамоянд.
Бо кумаки молиявии Чин яке аз мушкилтарин қитъаҳои шоҳроҳи «Душанбе-Кулма» таҷдид мегардад
Бо кумаки молиявии Ҷумҳурии Мардумии Чин айни ҳол, яке аз мушкилтарин қитъаҳои шоҳроҳи «Душанбе-Кулма» — қитъаи роҳи «Қалъаихумб-Ванҷ-Рӯшон» ба маблағи умумии 204 миллион доллари амрикоӣ мавриди таҷдиду азнавсозӣ қарор дорад, ки ба рушди минбаъдаи долони навтаъсис ва мултимодалии «Чин – Тоҷикистон – Узбекистон – Туркманистон – Эрон – Туркия» мусоидат хоҳад намуд.
Тоҷикистон ва Чин дар самти рушди ҳамкорӣ дар соҳаи логистика ба мувофиқа расиданд
Моҳи майи соли 2024 дар Душанбе байни Муассисаи давлатии «Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасниҳои логистикӣ»-и Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази байналмилалии логистикии «Ҷинлида»-и шаҳри Қошғар»- и Ноҳияи Мухтори Синзян-Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт ва логистика Ёддошти тафоҳум ба имзо расид.
Чину Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи нақлиёту логистика ва ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ ва контейнерӣ тавсеа медиҳанд
Тибқи ин Ёддошти тафоҳум, ҷонибҳо ҳамкориро дар соҳаи нақлиёту логистика ва рушди ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ ва контейнерӣ густариш медиҳанд. Инчунин Маркази байналмилалии логистикии шаҳри Қошғар ҷиҳати дастгирии ширкатҳои боркашонии Тоҷикистон вобаста ба таъмини ройгони таваққуфгоҳҳо ва будубоши ронандагони тоҷик ба таври имтиёзнок мусоидат намуда, ҳангоми ба амал омадани мушкилот ба ронандагони тоҷик, аз қабили фиреб хӯрдан аз ҷониби ширкатҳои боргуселкунанда, ширкатҳои миёнарав, ба охир расидани муҳлати раводид, ғалат ва бо хатоҳои техникӣ ба расмият даровардани бор, бемор шудани ронанда ва ғайра кумакҳои аввалиндараҷаи ройгон, аз ҷумла ёрии ҳуқуқӣ мерасонад.
Марказ инчунин ҷиҳати муҳайё намудани шароити мусоид барои интиқоли бор, пешниҳоди хизматрасониҳо ба ронандагони тоҷик, аз ҷумла таъмини хизматрасониҳои боркунию борфарорӣ, таъмин кардани воситаҳои нақлиёти Тоҷикистон бо бор дар шаҳри Қошғар ба таври имтиёзнок мусоидат менамояд.
Маркази байналмилалии логистикии «Ҷинлида» ба рушди тиҷорати осиёӣ мусоидат менамояд
Ҳамзамон ҷонибҳо бо мақсади баланд бардоштани маҳорат ва дониши кормандон ба иштироки мутахассисони якдигар дар машварату таҷрибаомӯзиҳо ва дигар маъракаҳо мусоидат намуда, ҳамкориро оид ба рушди истифодабарии технологияҳои рақамӣ ҷиҳати таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ ва содагардонии раванди интиқоли бор ба роҳ мемонанд. Маркази байналмилалии логистикии «Ҷинлида» дар шаҳри Қошгар, начандон дур аз марз бо Тоҷикистон, Қирғизистон ва Покистон ҷойгир аст ва аз ин рӯ, пеш аз ҳама, ба ҳамлу нақли бор дар ин самт хизмат мерасонад ва ба рушди тиҷорати осиёӣ мусоидат мекунад.
Марказ аз ҷониби Иттиҳоди байналмилалии нақлиёти автомобилӣ (IRU) аккредитатсия шудааст. Қошғар, ки онро «дарвозаи тиҷоратӣ» дар Ғарби Чин меноманд, маркази асосии логистикӣ барои борҳое мебошад, ки байни Чин ва мамлакатҳои Осиёи Марказӣ, Ҷанубӣ ва дигар минтақаҳо интиқол дода мешаванд.
Роҳ ба сӯи Тиён-Шон
Инчунин охири моҳи май дар Душанбе бо иштироки роҳбарони мақомотҳои соҳаи нақлиёти давлатҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ конференсияи байналмилалии минтақавӣ дар мавзуи «Роҳ ба сӯи Тиён-Шон» баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои ҳамлу нақли байналмилалӣ байни давлатҳои Осиёи Марказӣ, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Иттиҳоди Аврупо, инчунин баргузор намудани мулоқот бо масъулини давлатҳоии хориҷӣ ва мушкилоти вобаста ба таҳвили таҷҳизот ва молу бор аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути шоҳроҳи «Душанбе-Қулма-сарҳади Чин» баррасӣ гардиданд.
Бояд тазаккур дод, ки тақвияти ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Чин, инчунин дигар давлатҳои минтақаи Осиёи Марказӣ дар соҳаи нақлиёт дар доираи ташаббуси «Як камарбанд, як роҳ» хеле муҳим ва судманд мебошад.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








Душанбе моҳи август мизбони «Food industry Forum of Tajikistan-2026» мегардад
Намояндагони Тоҷикистон дар Форуми умумиҷаҳонии шаҳрҳо дар Боку иштирок намуданд
Ҳаҷми умумии ҳамлу нақл байни Тоҷикистон ва Қазоқистон 5,8 фоиз афзудааст
ТАЪТИЛ ФАРО МЕРАСАД! Барои самаранок гузаронидани давраи таътили фарзандон омода мешавем
ТАВАҶҶУҲ! Интиқоли одии маблағ байни аъзои оила, дӯстон, наздикон ва дигар шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои электронӣ андозбандӣ намегардад!
Дар ҶДММ «Саноати Ашт» хатҳои нави истеҳсолӣ васлу насб гардиданд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли қаланфури тунд барои мустаҳкам намудани иммунитет кумак мерасонад
МУҚОВИМАТ БА ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ. Ин зуҳуроти манфӣ имрӯз ба таҳдиди нигаронкунанда ба амнияту суботи давлатҳо табдил ёфтаанд
ҲАМГИРОИИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА ЧИН ДАР МАРҲАЛАИ НАВИ ШАРИКИИ СТРАТЕГӢ. Андешаҳо оид ба сафари давлатии Президенти Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин
Ҳикмати озодагон — чароғи роҳи худшиносӣ. Андешаҳо дар ин маврид
Илмомӯзӣ – ватандӯстӣ – амният: се рукни асосии стратегии рушди миллии Тоҷикистон
СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАНОНИ ХОҶАГИДОР. Дар Тоҷикистон беш аз 52 ҳазор хоҷагии деҳқониро занон роҳбарӣ менамоянд






