ЭМОМАЛӢ РАҲМОН — ВОРИСИ АРЗАНДАИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Маротибаи аввал дар таърихи давлатдории Чин мукофоти олии давлатӣ берун аз кишвар тақдим карда шуд

Июль 10, 2024 07:30

ДУШАНБЕ, 10.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. 5 июли соли 2024 дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳад шуд. Дар ин рӯз маротибаи аввал дар таърихи давлатдории Чин мукофоти олии давлатӣ — Ордени «Дӯстӣ»-и Ҷумҳурии Мардумии Чин берун аз кишвар — барои саҳми арзанда ва мусоидати бисёрсола дар рушду густариши робитаҳои дӯстии неки ҳамсоягӣ ва шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тақдим шуд, ки мояи ифтихори ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ гардид. Ин матлаб дар мақолаи Ректори Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон Машраф Файзулло, ки ба унвони АМИТ «Ховар» ирсол гардидааст, баён шудааст. Номбурда дар идомаи матлаб чунин изҳори назар кардааст:

— Худамро хушбахт меҳисобам, ки шоҳиди дар вазъияти тантанавӣ аз ҷониби Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин тақдим гардидани ин мукофоти олӣ ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гаштам. Ифтихор кардам, сарам ба осмон расид, эҳсоси гарми ватандӯстӣ вуҷудамро фаро гирифт, ки миллати сарбаланди ман бо роҳбарии Пешвои хирадпешааш ба чунин дастовардҳои беназир сазовор мегардад. Бубинед, ки вориси Рӯдакию Сино, Хайёму Фирдавсӣ — фарзанди фарзонаи миллат, Қаҳрамони Тоҷикистон, Сарвари давлати мо дар роҳи давлатсозию давлатдорӣ бо амалҳо ва ташаббусҳои ҷаҳонӣ аз ҷониби роҳбарияти давлатҳои пешрафтаи чаҳон эътироф мешаванд. Ин қадршиносӣ барои ҳар яки мо, аз хурд то бузурги Тоҷикистон боиси ифтихору сарфарозӣ мебошад. Мисли Пешвои миллат бояд Ватанро, миллатро дӯст дорем. Мисли Сарвари давлатамон бояд номбардори давлату миллатамон гардем, аз насли бузургони фарҳанг буданамонро бо амалҳои шоиста собит созем.

Дар ин маросим муҳтарам Си Ҷинпин нақши муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар таҳкими муносибатҳои накуи ду кишвари дӯсту бародар ва дар сиёсатҳои минтақавию ҷаҳонӣ боризу барҷаста номида, таъкид доштанд, ки ба ин хотир нахустин маротиба дар таърихи давлатдории Чин ин мукофоти олии давлатӣ — Ордени «Дӯстӣ»- Ҷумҳурии Мардумии Чин берун аз кишвар тақдим карда мешавад.

Бузургию хирадмандӣ ва хоксории хоссаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар дар ин ҷо собит гардид. Президенти мамлакат пас аз сарфароз гардидан бо ин мукофоти олӣ иброз доштанд, ки ин мукофотро, қабл аз ҳама, подоши саҳми тамоми мардуми Тоҷикистон дар рушд ва таҳкими муносибатҳои дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва шарикии ҳамаҷонибаи стратегии Тоҷикистону Чин арзёбӣ менамоянд.

Дар яке аз барқияҳои шодбошии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин ба муносибати зодрӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон чунин омадааст: «Тоҷикистон бо сарварии Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти шароити миллии худ роҳи рушдро боз кард ва дар кори бунёди давлатӣ ба комёбиҳои бузург муваффақ гардид. Чин ҳамчун ҳамсояи дӯст ва шарики стратегии ҳамаҷониба аз ин самимона шод аст».

Баъд аз шунидани чунин суханҳо аз ҷониби сарвари давлате, ки бо рушди иқтисодаш дар ҷаҳон мақоми баландро соҳиб аст, ҳар тоҷик бояд ифтихор кунад, ки дар Ватани ободу осуда, ки роҳбарияшро Пешвои хирадпеша ба уҳда дорад, кору зиндагӣ менамояд. Зиҳӣ, Пешвои банангу номуси миллати тоҷик. Мукофоти баланд муборак бошад!

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»

Июль 10, 2024 07:30

Хабарҳои дигари ин бахш

ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ МЕТАЛЛУРГӢ. Барои таъмини рушди соҳа омода намудани кадрҳои баландихтисос зарур мебошад
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Он марҳилаи нави рушди ҷомеа хоҳад гашт
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Пиёзро чӣ тавр барои зимистон захира намоем?
СИЁСАТИ НИҲОЛШИНОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Яке аз сабабҳои зиёд омадани селобҳои зиёд нестшавии дарахтон дар кӯҳҳову баландиҳои назди маҳалҳои зист мебошад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли моҳӣ ба кам гардидани вазни бадан мусоидат менамояд
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК». Мулоҳизаҳои доктор ва номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ дар хусуси навгониҳо ва афзалиятҳои ҳуқуқии ин қонун
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ба таҳкими волоияти қонун мусоидат мекунад
МОҲИПАРВАРӢ АЗ ҶИҲАТИ ДАРОМАДНОКӢ ДАР ҶОЙИ АВВАЛ МЕИСТАД. Бадахшон метавонад дар парвариши гулмоҳӣ пешсаф гардад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли зиёди консерваи бодирингу помидор тавсия дода намешавад
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» василаи муҳимми густариши худшиносии миллӣ ва болоравии маърифати ҳуқуқӣ аст
ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРӢ. Дар Тоҷикистон имсол дар майдони беш аз 6 ҳазор гектар картошка кишт гардид
ЭЪТИРОФИ СИЁСАТИ ОЯНДАБИНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ АЗ ҶОНИБИ ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ. Мулоҳизаҳои ходими адабии АМИТ «Ховар» дар ин хусус