Fly.tj ба туфайли интернет «парвоз мекунад»

Июль 4, 2024 08:21

ДУШАНБЕ, 04.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Fly.tj аввалин ширкати миллиест, ки хизматрасонии  онлайн-фармоиши  чиптаҳои ҳавопаймо ва сайёҳатро  дар Тоҷикистонро пешниҳод намуд. Аммо барои кор дар интернет албатта интернет  лозим аст.  Сардори шуъбаи маркетинги Fly.tj  Ризо Самадӣ  дар бораи он ки ширкат провайдерро чӣ гуна интихоб кардааст, маълумот медиҳад.    

 Аз рӯи кадом меъёрҳо шумо  таҳвилгари  интернетро  интихоб намудед? 

— Дар асл ба мо  маҷмӯи  хизматрасониҳои  телекоммуникатсионӣ, аз ҷумла  интернет, алоқаи овозӣ,  SMS-огоҳкунӣ лозим буд. Мувофиқан,  суръати дастрасӣ, сифати овоз ва сатҳи хизматрасонӣ  муқоиса карда шуданд. Инчунин хеле муҳим аст, ки таҳвилгари хизматрасониҳои телекоммуникатсионӣ минтақаи васеи фарогирии шабакаро дошта бошад.  Аз рӯи ҳамаи меъёрҳо «МегаФон Тоҷикистон» пешсаф баромад. Сомонаи  мо www.fly.tj 24/7 кор мекунад, он бояд дар ҳар сония дастраси мизоҷон  бошад.  Бинобар ин мо имкон доштем, ки эътимоднокии баланди хизматрасониҳои МегаФонро бубинем.

Ҳоло ба шарофати интернет кори мо комилан автоматӣ шудааст. Мо платформаҳои онлайнро барои бронкунии чиптаҳои ҳавопаймоҳо, коркарди пардохтҳо ва робита  бо мизоҷон истифода мебарем. Ногуфта намонад, ки дастрасии шабака барои эҳтиёҷоти тиҷорати дохилӣ низ зарур аст. Аз ин рӯ, феълан, мо ҳоло дар марҳилаи пайвасткунии  идораҳои  худ ба интернети собит аз ширкати «МегаФон Тоҷикистон» қарор дорем.

Барои ширкате, ки тиҷораташро ба таври онлайн пеш мебарад, алоқаи овозӣ ва SMS чӣ лозим аст?  

— Ин худ маъмулист. Мизоҷони мо метавонанд саволҳое дошта бошанд, ки  ҷавоби фавриро талаб менамоянд. Дар ин ҳолат, занг задан ва суҳбат бо мушовир  осонтар аст. Хизматрасонии  «SMS огоҳкунӣ» ба мо имкон медиҳад, ки сари вақт мизоҷони  худро дар бораи дигаргуниҳои  муҳим, масалан, оид ба тағйирёбии ҷадвали хатсайрҳо,  огоҳ намоем.  Ғайр аз ин,  мо   SMS-огоҳкуниро  барои ирсоли  пешниҳодҳои нодир  истифода мебарем ва дар бораи сайёҳатҳои ҷолиб, хатсайрҳои чартерӣ маълумот медиҳем. Ин ба нигоҳ доштани робита  бо мизоҷон ва баланд бардоштани қаноатмандии онҳо  кумак мекунад.

Ширкати «МегаФон Тоҷикистон» шарики шумо дар лоиҳаи фурӯши чиптаҳои ҳавопаймо тавассути замимаи «МегаФон Life» гардид. Идеяи чунин хамкорӣ чӣ тавр пайдо шуд? 

— Ин як идомаи мантиқӣ буд. Дар  сифати хизматрасониҳои оператор боварӣ ҳосил карда, мо фаҳмидем, ки замимаи  мобилӣ, ки коркарди худи ширкати «МегаФон Тоҷикистон» аст, метавонад як платформаи иловагии фурӯш гардад. Гурӯҳи таҳиякунандагони МегаФон ин функсияро то ҳадди имкон қулай кардааст. Шумо метавонед макони таъинот, вақти хатсайр, дараҷаи  курсии мусофиронро интихоб карда,  хатсайрро тариқи гузариш ба хатсайрҳои дигар  муайян намоед. Ба ибораи дигар, лоиҳаи муштараки мо шабеҳи пурраи платформаи онлайн аст, танҳо он на аз компютер, балки аз смартфон дастрас  мебошад. Хуллас, бори дигар бо итминон гуфта метавонем, ки  мо ҳам провайдер ва ҳам шарикро барои роҳандозии   маҳсулоти нав дуруст интихоб кардем!

АКС: ширкати МегаФон Тоҷикистон

Июль 4, 2024 08:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд