ФУТБОЛ. Никола Стошич ба дастаи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе баргашт

Июль 12, 2024 08:33

ДУШАНБЕ, 12.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Собиқ дарвозабони сербитабори дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе Никола Стошич пас аз чор сол, дубора ба дастаи хеш баргашт. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар равзанаи кунунии гузариши тобистона дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе аввалин трансферро ба анҷом расонд. Дарвозабон Никола Стошич, ки қаблан дар солҳои 2013-2020 дар ҳайати дастаи футболи «Истиқлол» ҳунарнамоӣ мекард, ба даста баргашт.

Бояд гуфт, ки муҳлати созишномаи меҳнатӣ бо Никола Стошич ду солро дар бар мегирад. Никола Стошич дар рӯзи аввали ҷамъомади таълимӣ дар Минск ба дастаи футболи «Истиқлол» ҳамроҳ шуд.

Ёдовар мешавем, ки Никола Стошич ҷойгузини Рустам Ятимов дар ҳайати дастаи футболи «Истиқлол» гардид.

Қобили тазаккур аст, ки Рустам Ятимов чанде пеш аз дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе ба дастаи «Ростов»-и Русия гузашт.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Июль 12, 2024 08:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад
Дастаи «Сипар»-и Хуҷанд бори дуюм унвони чемпиони Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзалро сазовор гардид
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар Дарвоз Академияи футболи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид
Дар вилояти Суғд ғолибони мусобиқаи вилоятӣ муайян гардиданд
Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон тими Амороти Муттаҳидаи Арабиро мағлуб намуд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба камонварӣ ҷамъбаст гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба садгонаи беҳтаринҳои раддабандии ФИФА ворид шуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бо дастаи яккачини Русия бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Маросими гусели ҳайати дастаи мунтахаби паралимпии мамлакат ба Бозиҳои V Параосиёӣ баргузор гардид