Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи байналмилаии «STEM» соҳиби 5 ҷойи сеюм гардиданд

Июль 17, 2024 11:01

ДУШАНБЕ, 17.07.2024. /АМИТ «Ховар»/. Хонандагони тоҷик дар 4-умин Олимпиадаи байналмилаии «STEM», ки аз 10 то 16 июл дар шаҳри Гааги Шоҳигарии Нидерланд баргузор гардид, соҳиби 5 ҷойи III (3 ҷой аз фанни математика ва 2 ҷой аз фанни табиатшиносӣ) гардиданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Маркази ҷумҳуриявии рушди истеъдодҳо хабар доданд.

Олимпиада аз фанҳои табиатшиносӣ, математика ва технологияи иттилоотӣ баргузор гардида, дар он дастаи мунтахаби Тоҷикистонро 8 нафар хонанда аз Муассисаи таълимии хусусии «Абдураҳмони Ҷомӣ» муаррифӣ намуданд.

Бояд гуфт, ки дар даври ниҳоиии ин олимпиада зиёда 700 нафар иштирокчӣ аз 30 давлати дунё байни ҳам рақобат намуданд.

Ёдовар мешавем, ки дар даврҳои интихобии олимпиадаи мазкур 22 ҳазор хонанда аз 1350 муассиса аз 107 давлати дунё иштирок намуданд.

АКС: Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо

 

Июль 17, 2024 11:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Маркази миллии тестӣ даври иловагии имтиҳонҳоро доир менамояд
Байни Вазорати маориф ва илм ва Идораи маорифи шаҳри Сежонги Ҷумҳурии Корея Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Хонандаи шаҳри Душанбе дар Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба шоҳмот сазовори ҷойи якум гардид
Дар Тоҷикистон беш аз 18 ҳазор нафар забони олмониро меомӯзанд
Дар назди муассисаҳои таълимии ноҳияи Ванҷ синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуд
11 сол қабл дар Тоҷикистон дохилшавӣ ба муассисаҳои олии касбӣ тавассути низоми тестӣ амалӣ гардид
Имрӯз даври якуми Имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ оғоз гардид
Фаъолияти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар нимаи аввали соли 2025 қаноатбахш арзёбӣ гардид
Пагоҳ даври якуми Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ оғоз мегардад
Равоншиноси Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №56-и ноҳияи Сино Манижа Раҷабова ғолиби озмуни байналмилалӣ гардид
Шумо барои фарзандатон дар таътили тобистона реҷаи рӯз тартиб додаед?
МАСЛИҲАТ БА ДОВТАЛАБ. Барои дар ёфтани маркази имтиҳонӣ ба мушкил дучор нагардидан чӣ бояд кард?