Имрӯз дастаҳои мунтахаби футзали Тоҷикистон ва Узбекистон бозӣ мекунанд

Июль 19, 2024 15:26

ДУШАНБЕ, 18.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон ҷамъомади таълимии худро дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд анҷом дода, барои иштирок дар Мусобиқаи байналмилалӣ ба хотираи собиқ президенти Ассотсиатсияи футболи Узбекистон Мираброр Усмонов ба шаҳри Тошканд сафар кард. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон Пайрав Воҳидов бо 15 нафар – 4 дарвозабон ва 11 бозингари майдон ба шаҳри Тошканд рафт.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бозии ифтитоҳии худро дар Мусобиқаи байналмилалӣ ба хотираи собиқ президенти Ассотсиатсияи футболи Узбекистон Мираброр Усмонов имрӯз, 19 июл муқобили дастаи мунтахаби Узбекистон анҷом медиҳад. Вохӯрӣ дар Маҷмааи варзишии «Юнусобод» баргузор шуда, соати 19:30 оғоз мешавад.

Бояд гуфт, ки дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон инчунин бо дастаҳои мунтахаби Гватемала (20 июл) ва Қирғизистон (22 июл) бозӣ мекунад.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Июль 19, 2024 15:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Аъзои дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бар ҳамсолонашон аз Фиҷи пирӯз шуданд
«KING’S CUP 2026». Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоии мусобиқа бо тими яккачини Умон бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад