ИМРӮЗ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ШОҲМОТ. Дар Тоҷикистон Мусобиқаи байналмилалии варзишӣ оид ба шоҳмот доир мешавад
ДУШАНБЕ, 20.07.2024. /АМИТ «Ховар»/. Аз 23 то 27 август дар ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд Мусобиқаи байналмилалии варзишӣ оид ба шоҳмот баргузор мегардад. Дар он беҳтарин шоҳмотбозони наврас аз Тоҷикистон, Русия, Узбекистон, Қазоқистон ва Қирғизистон иштирок хоҳанд намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
20 июл ҳамасола дар ҷаҳон Рӯзи байналмилалии шоҳмот эълон шудааст. Бахшида ба он имрӯзҳо аз ҷонби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо мусобиқаи варзишии шашка ва шоҳмот аз рӯи усули деҳа ва маҳал идома дорад.
Шоҳмот яке аз бозиҳои қадимтарини миллии тоҷикон буда, дар асри шаш пайдо шудааст. Баъзе муҳаққиқон бар он назаранд, ки шоҳмот таърихи 1400-сола дорад. Таърихшиносон пайдоиши шоҳмотро ба асри VI мелодӣ нисбат медиҳанд.
Варзиш додани тафаккуру зеҳн ба василаи бозии шоҳмот, ки маъмултарини бозиҳои варзиши ақлонӣ ё зеҳнӣ аст, дар тамаддуни ориёӣ мавқеи аввалиндараҷа доштааст. Аз ҷумла, дар Шоҳномаи Фирдавсӣ дар бораи шоҳмот чунин гуфта шудааст:
Касе кам ба дониш барад ранҷ беш,
Бифармой то тахти шатранҷ пеш
Ниҳанду зи ҳар гуна рой оваранд,
Ки ин нағз бозӣ ба ҷой оваранд.
Бидонанд ҳар муҳраеро ба ном,
Ки гӯянд пас хонаи ӯ кадом.
Пиёда бидонанду пилу сипоҳ,
Руху аспу рафтори фарзину шоҳ.
Гар ин нағз бозӣ ба ҷой оваранд,
Дар ин кор покиза рой оваранд.
Солҳои охир таваҷҷуҳ ба бозии шоҳмот зиёд гардида, ҷавонону наврасон ва калонсолон ба ин намуди варзиш майли зиёд пайдо намудаанд.
Ин намуди варзиш тайи солҳои охир бо дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушд ёфтааст. Пешвои миллат зарурат ва манфиати бозии шоҳмотро ба майнаи сари инсон ба инобат гирифта, 30 августи соли 2017 дар маросими ифтитоҳи бинои нави Академияи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон зимни суханронӣ ба роҳбарияти Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ супориш доданд, ки дар мактабҳои миёнаи Тоҷикистон дарси шоҳмот ба роҳ монда шавад. Зеро шоҳмот бозии миллӣ буда, ба андешаи олимон, ин намуди бозӣ зеҳни инсонро рушд медиҳад.
Як иқдоми назаррас барои рушди ин навъи варзиш баргузории Мусобиқаи варзишии зеҳнӣ оид ба шоҳмот ва шашка барои дарёфти «Ҷоми Пешвои миллат» мебошад.
Барои тарбия намудани шоҳмотбозони болаёқат дар ҷумҳурӣ соли 1992 Федератсияи шоҳмоти Тоҷикистон таъсис ёфт, ки узви Федератсияи байналмилалии шоҳмот мебошад. Федератсияи шоҳмот аз лаҳзаи таъсис то имрӯз ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст. Аз ҷумла, ҷавонону наврасон аз рӯи ин намуди варзиш дар мусобиқаҳои дохил ва хориҷи мамлакат иштирок намуда, сазовори ҷойҳои намоён ва номбардори халқу Ватан гардидаанд.
Яке аз онҳо шоҳмотбози тоҷик Фаррух Амонатов мебошад, ки дар чандин озмунҳои байналмилалӣ иштирок намуда, чемпиони Осиё дар байни ҷавонон (1992), ғолиби озмунҳои «Москва- Open», чемпиони Русия (2007), ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар шаҳри Тошканд, Озарбойҷон (2016) ва Ҳиндустон (2017) мебошад.
Шоҳмотбози дигаре, ки Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ намудааст, Сабрина Абророва мебошад, ки соли 2019 дар Бозиҳои 5-уми ҷаҳонии наврасон (World Junior Compatriot Games) дар шаҳри Ханти-Мансийски Федератсияи Русия дар бозии шоҳмот соҳиби медали тилло гардид. Дар ин мусобиқа беҳтарин варзишгарон аз 57 давлати дунё иштирок доштанд, вале Сабрина Абророва аз 11 бозӣ дар 10 давр ғолиб омад ва 1 бозиро мусовӣ анҷом дода, бо гирифтани 10,5 хол сазовори ҷойи аввал шуд.
Бояд тазаккур дод, ки дар замони муосир ба тарзи ҳаёти солим ва варзиш, махсусан ба намуди шоҳмот ҷалб намудани қишрҳои гуногуни ҷомеа аҳамияти муҳим дошта, ин намуди варзиш ба рушди зеҳнии наврасону ҷавонон ва калонсолон мусоидат хоҳад кард.
Бозии шоҳмот на танҳо ба рушди зеҳнии инсон таъсир мерасонад, ҳамзамон одобу ахлоқ ва хислатҳои накӯ, аз қабили инсондӯстӣ, дурбинӣ, накӯкорӣ, воқеанигорӣ, танзими ҳаёти ҳаррӯза, мустақилона фикр рондан, расидан ва масъулиятшиносиро дар инсон тавлид менамояд.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд
Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Parimatch Tajikistan ва дастаи футболи «Истаравшан» ҳамкории муштаракро оғоз карданд
Ғолибони даври якуми Чемпионати Тоҷикистон-2026 оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд
Дар ноҳияи Ёвон ғолибони мусобиқаи байналмилалӣ аз рӯи гӯштини ҷудо қадрдонӣ карда шуданд
PARIMATCH TAJIKISTAN ва КФ «Хуҷанд» оғози шарикии бузургро эълон карданд
Бозии дӯстона байни дастаҳои мунтахаби занонаи Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ мусовӣ анҷом ёфт
ҶОМИ ҶАҲОН ОИД БА БОКС. Аз Тоҷикистон дар ин мусобиқа даҳ варзишгар иштирок мекунад
Дар ноҳияи Данғара фестивали бозиҳои миллӣ бо шукуҳи хосса баргузор шуд






