РУШДИ САНОАТ. Имсол дар Хуҷанд 32 корхонаи хурду миёнаи истеҳсолӣ бунёд гардид
ДУШАНБЕ, 10.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Солҳои рушди саноат (2022-2026) дар нимсолаи аввали соли равон дар шаҳри Хуҷанд 32 корхонаи хурду миёнаи истеҳсолӣ бо технологияҳои муосир сохта ба истифода дода шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд хабар медиҳад.
Хуҷанд яке аз шаҳрҳои калонтарини саноатии ҷумҳурӣ ба ҳисоб рафта, дар ҳаҷми умумии маҳсулоти дар вилоят истеҳсолшаванда заминаи устувор мегузорад.
Дар корхонаҳои истеҳсолӣ 273 ҷойи корӣ, бо ҷалби 35 миллион сомонӣ сармояи мустақим сохта ба истифода дода шудааст. Ин нишондиҳандаҳо дар раванди саноатикунонии босуръати мамлакат барои тақвияти ёфтани соҳа, ҳамчун ҳадафи чоруми миллӣ ҷиҳати афзоиш ёфтани ҳаҷми маҳсулотҳои истеҳсолгардидаистода саҳми босазо гузошта истодааст.
Ҳамчунин шумораи корхонаҳои истеҳсолкунандаи маҳсулоти ивазкунандаи воридот дар шаҳр зиёд шуда, дар шаш моҳи соли равон аз ҷониби 104 корхонаи хурду калон ба маблағи 403,1 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардид, ки он нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригашта 9,2 фоиз зиёд гаштааст.
Тазаккур дода шуд, ки дар шароити имрӯзаи пешрафти иқтисодӣ саноат яке аз соҳаҳои муҳими иқтисоди миллӣ маҳсуб шуда, таъмини рушди он вазифаи афзалиятнок ба шумор меравад. Ҳамзамон дар ин росто солҳои 2022-2026 панҷсолаи рушди босуръати саноат эълон карда гардид, ки татбиқи он имкон медиҳад, ки Тоҷикистон дар давраи миёнамуҳлат аз мамлакати аграриву саноатӣ ба мамлакати индустриаливу аграрӣ табдил дода шавад.
АКС: маркази матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд








Масъалаи таъсиси корхонаи коркарди пашм ва бунёди боғи пистаи туркӣ дар вилояти Хатлон баррасӣ гардид
Масъалаи таъсиси парки муштараки саноатии Тоҷикистону Эрон баррасӣ карда шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи вазирони саноати давлатҳои аъзои СҲШ иштирок намуд
РУШДИ ПАРАНДАПАРВАРӢ. Дар Зафаробод сохтмони фабрикаи мурғпарварӣ идома дорад
Дар Остона ҷаласаи 12-уми Шурои сиёсати саноатии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи вазирони молия ва раисони бонкҳои марказии давлатҳои аъзои СҲШ иштирок намуд
ТАЪСИСИ 5 ҲАЗОР ҶОЙҲОИ НАВИ КОР. Дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент ба истифода дода мешаванд
Супоришҳои қатъии Пешвои миллат доир ба афзун намудани истеҳсоли семент
Душанбе моҳи август мизбони «Food industry Forum of Tajikistan-2026» мегардад
Дар ҶДММ «Саноати Ашт» хатҳои нави истеҳсолӣ васлу насб гардиданд
РУШДИ САНОАТ. Дар шаҳри Истиқлол сохтмони корхонаи истеҳсоли оҳаксанг ва хокаи оҳак идома дорад
Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Хоҷамастон» дар як рӯз то 700 дона хишт истеҳсол менамояд






