ИМТИҲОНҲОИ МАРКАЗОНИДАИ ДОХИЛШАВӢ. Масъулини Прокуратураи генералӣ ва Маркази миллии тестӣ дар Душанбе бо ҷараёни баргузории имтиҳонҳо шинос шуданд

Июль 5, 2024 16:31

ДУШАНБЕ, 05.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Масъулини Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо рафти баргузории имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ дар шаҳри Душанбе шинос шуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Гуфта шуд, ки мақсади иқдоми мазкур назорати риояи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рафти имтиҳонҳо, шароити барои имтиҳонсупории довталабон фароҳамгардида ва огоҳонидани шахсони масъули дар ин раванд ҷалбшуда оид ба пешгирӣ аз амалҳои номатлуб мебошад.

Директори Маркази миллии тестӣ назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сабзалӣ Ҷаъфарзода иброз дошт, ки «Марказ барои дар сатҳи зарурӣ ва бо риояи қатъии тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор кардани имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ тамоми чораҳои заруриро андешида, шаффофияту адолатро аз муҳимтарин усули кори худ қарор додааст».

«Ҳар як нафари мо масъули амалҳои худ ҳастем, азбаски мо фарде аз ин ҷомеаи фарҳангбунёдем, албатта, ҳар амалу гуфтори мо ба ҷомеа бетаъсир нахоҳад монд. Агар мо, ҳамчун як фарди ҷомеаи фарҳангӣ, рафтору гуфторамонро дар асоси фарҳанги миллиамон ва қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монем, бе шак, хидмати бебаҳое дар пешрафти кишвару миллатамон кардаем»,- гуфт намояндаи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мубиншех Қурбонзода.

Таъкид карда шуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ба таҳсил дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ фаро гирифтани ҷавонон ва омода кардани мутахассисон тамоми шароити заруриро фароҳам овардааст. Барои сазовори номи донишҷӯ гардидан, кофист, ки довталаб бартарии худро аз ҷиҳати дониш ва маҳорату малакаи бештар доштан нисбат ба довталабони дигар бо супоридани тест дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ собит созад.

АКС: Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Июль 5, 2024 16:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид