ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ВА ҲИФЗИ ДАСТОВАРДҲОИ ОН. Бо сокинону фаъолони ноҳияи Ҳамадонӣ вохӯрӣ доир шуд

Июль 12, 2024 15:47

ДУШАНБЕ, 12.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. 11 июл бахшида ба 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои гурӯҳи кории Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ҷамъиятии миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон бо сокинону фаъолони ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар мавзуи «Истиқлоли давлатӣ ва ҳифзи дастовардҳои он» вохӯрӣ намуданд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ хабар медиҳад, дар вохӯрӣ Раиси Шурои куҳансолони Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон  Ғайбулло Авзалов  аҳамияти истиқлолияти давлатиро дар рушди бемайлони давлат ва бақои миллат  хеле муҳим арзёбӣ намуда, доир ба нақши Пешвои миллат дар сулҳофарӣ, ҳамчун меъмори сулҳ, инчунин дастовардҳои Тоҷикистон дар давраи соҳибистиқлолӣ андешаҳои худро баён намуда, мардумро ба сарҷамъӣ, муттаҳидӣ ва пуштибонӣ аз сиёсати хирадмандона, бунёдкоронаву созандаи Сарвари давлат даъват намуд.

Дар вохӯрӣ президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода иброз намуд, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ ҳиссу таваҷҷуҳи Президенти ҷумҳурӣ барои бунёди Тоҷикистони ободу сарсабз ва рӯзгори ободу осудаи мардум бештар гардид, ки ин ба халқи Тоҷикистон ҳамвора руҳу илҳом мебахшад ва барои пешрафти минбаъдаи мактабу маориф, илму фарҳанг, иқтисодиёту саноат, тандурустӣ ва дар маҷмӯъ  барои баланд шудани сатҳи рӯзгору некуаҳволии мардуми мамлакат ҳамаҷониба мусоидат мекунад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Июль 12, 2024 15:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад