Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз рӯйи натиҷаҳои сафари давлатии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июль 5, 2024 19:10

05.07.2024, шаҳри Душанбе

Муҳтарам намояндагони воситаҳои ахбори умум,

Дӯстони гиромӣ!

Нахуст бо камоли самимият мехоҳам аз номи мардуми Тоҷикистон ва шахсан аз номи худам меҳмони азизамон, Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷаноби Си Ҷинпинро бори дигар хайрамақдам бигӯям.

Мо ин ташрифи Шуморо, дӯсти гиромӣ, чун рӯйдоди муҳим дар таърихи муосири муносибатҳои кишварҳоямон арзёбӣ менамоем.

Муҳтарам намояндагони воситаҳои ахбори умум,

Дар ҷараёни музокироти имрӯза, ки дар фазои анъанавии дӯстӣ, ҳусни ҳамҷаворӣ, тафоҳум ва эътимоди байниҳамдигарӣ баргузор гардиданд, доираи васеи масъалаҳои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Чин мавриди муҳокима қарор гирифт.

Дар ҷараёни баррасиҳо аз сатҳи баланди шарикии ҳамаҷонибаи стратегии ду ҳамсояи наздик ва дастовардҳои назаррас дар ин самт изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

Дар ҳошияи мулоқотҳои имрӯза маҷмӯи нави санадҳо ба имзо расид, ки заминаи ҳуқуқии ҳамкориҳои ду кишварро дар соҳаҳои мухталифи тиҷорату иқтисод, аз ҷумла саноату энергетика, нақлиёт, иқтисоди рақамӣ, инноватсия ва сармоягузорӣ, ҳамчунин, дар самтҳои фарҳангиву гуманитарӣ таҳким мебахшанд.

Зимни баррасии вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистону Чин мо дар робита ба роҳҳои пешбурди минбаъдаи онҳо ба мувофиқаҳои муҳим расидем.

Ба масьалаҳои ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузорӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардид ва ин самт арсаи бунёдии шарикии мо дониста шуд.

Қобили зикр аст, ки Ҷумҳурии Мардумии Чин аз шарикони муҳимтарин ва раддаи аввали тиҷоратии кишвари мо боқӣ мемонад.

Гардиши мол миёни кишварҳои мо соли гузашта нисбат ба соли 2022 ба андозаи зиёда аз 24 фоиз афзоиш ёфт.

Ин раванд соли ҷорӣ дар ҳоли рушди бештар қарор дорад.

Ҳаҷми сармояи Чин ба иқтисоди Тоҷикистон дар давраи солҳои 2007-2023 зиёда аз 4 миллиард долларро ташкил медиҳад, ки беш аз дуюним (2,6) миллиарди он сармояи мустақим мебошад.

Ширкатҳои «Зарафшон» (“Зи Ҷин Голд”), маҷмааи саноати бофандагии «Джунтай — Дангара Син Силу Текстил», «Хуаксин семент-Ёвон» ва чанде дигар намунаи равшани ҳамкориҳои самарабахши сармоягузории ду кишвар маҳсуб меёбанд.

Дар маҷмӯъ имрӯз дар Тоҷикистон зиёда аз 700 ширкат бо сармояи ҷониби Чин фаъолият мекунад.

Он ҳам қобили зикр аст, ки чанд рӯз пеш дар шаҳри Душанбе Ҳамоиши намояндагони доираҳои соҳибкорӣ ва ширкатҳои Тоҷикистон ва Чин доир гардид.

Дар чорчӯби ин чорабинӣ ду ҷониб ба маблағи зиёда аз 600 миллион доллар шартномаву қарордодҳои ҳамкорӣ ба имзо расониданд.

Ҷониби Тоҷикистон ҳавасмандии худро ҷиҳати ҷалби боз ҳам бештари доираҳои соҳибкории Чин ба манзури татбиқи амалии лоиҳаҳои инфрасохторӣ таъкид менамояд.

Ду ҷониб аз идомаи ҳамкориҳо дар доираи ташаббуси «Як камарманд — як роҳ» изҳори қаноатмандӣ карданд.

Соҳаи нақлиёту коммуникатсия ба сифати самти дигари авлавиятнок дар робитаҳои ду кишвар арзёбӣ гардид.

Мо манфиатдории худро ба пешбурди ҳамкориҳо дар ин ҷода, ки барои рушду тавсеаи робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ заминаи мусоид фароҳам меоваранд, изҳор кардем.

Таъкид гардид, ки бунёду таҷдиди роҳ дар минтақаи “Қалъаихумб – Ванҷ – сарҳади ноҳияи Рӯшон” долони транзитии “Чин-Тоҷикистон-Ӯзбекистон-Туркманистон-Эрон-Туркия”-ро такмил хоҳад бахшид.

Вобаста ба ин, пешниҳод намудем, ки имконияти бунёду навсозии қитъаи шоҳроҳи “Душанбе-Кулма” дар минтақаи ноҳияи Рӯшон то гузаргоҳи сарҳадии “Кулма — Қарасу”мавриди баррасӣ қарор дода шавад.

Ҳамчунин, мо пешниҳод дорем, ки ҷиҳати бунёди роҳҳои автомобилгард ва оҳан дар масири “Чин-Тоҷикистон-Афғонистон” ба манзури густариши робитаҳо ва тавсеаи тиҷорати минтақавӣ тадбирҳои амалӣ андешида шаванд.

Дар баробари нақлиёту коммуникатсия мо ҳавасмандии ҷониби худро ба ҷалби бештари сармояи Чин ба бахшҳои гуногуни саноат, бахусус, саноати сабук ва хӯрокворӣ, энергетика, кишоварзӣ, рақамикунонии иқтисод, зеҳни сунъӣ ва дигар самтҳо таъкид намудем.

Мо чунин мешуморем, ки таҳкими иқтидорҳои истеҳсолӣ дар бахшҳои воқеии иқтисод таҳкурсии мустаҳками рушди муштараки Тоҷикистону Чинро ташкил медиҳанд.

Кишвари мо аз иштироки ҳарчи бештар фаъолонаи соҳибкорони Чин ҷиҳати бунёди паркҳои саноатӣ, ҷалби технологияҳои нав ва истеҳсолоти калонҳаҷми муштарак, аз ҷумла дар минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон истиқбол хоҳад кард.

Мо, ҳамин тартиб, ба татбиқи муштараки лоиҳаҳои ояндадори сармоягузорӣ ва инфрасохторӣ, бахусус, дар ҷодаи расидан ба ҳадафҳои стратегии кишвари мо, аз ҷумла саноатикунонии босурьат аҳаммияти хосса зоҳир намудем.

Бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ, хусусан дар соҳаи саноат ва ба роҳ мондани истеҳсоли “маҳсулоти сабз” бо арзиши баланди иловашуда ва “технологияҳои сабз”, аз ҷумла автомашинаҳои барқӣ, панелҳои офтобӣ ва шабакаҳои электрикии ҳушманд аз бахшҳои авлавиятнок дар ин ҷода дониста шуданд.

Аз саҳми ҷониби Чин дар сохтмону навсозии нерӯгоҳҳои барқӣ ва татбиқи лоиҳаҳои бунёди хатҳои интиқоли барқ дар қаламрави Тоҷикистон изҳори сипос кардем.

Қобили зикр аст, ки Тоҷикистон, бо дарназардошти захираҳои табиии худ, ният дорад дар оянда иқтидорҳои тавлиди энергияи таҷдидшавандаро чун заминаи калидии пешбурди “иқтисоди сабз” дучанд афзоиш диҳад.

Дар ин замина аз густаришу тавсеаи ҳамкориҳо дар соҳаи энергетика, бахусус, вобаста ба истеҳсоли нерӯи барқи обӣ ҳамаҷониба истиқбол менамоем.

Омодаем, ки дар ин самт ҳамкориҳои созанда ва барои ҷонибҳо судмандро бо Чин тавсеа бахшем.

Мо аз раванди мусбати ҳамкориҳои байнипарлумонӣ ва вусъат ёфтани робитаҳо миёни мақомоти қонунгузории кишварҳоямон изҳори қаноатмандӣ менамоем.

Дар ҷараёни музокирот ҷонибҳо роҳҳои густаришу тавсеаи минбаъдаи ҳамкории дуҷонибаро дар бахшҳои фарҳангиву гуманитарӣ муҳокима карданд.

Зикр гардид, ки ин самт бо татбиқи тарҳу барномаҳои муҳим дар бахшҳои илму маориф ва фарҳанг тадриҷан ғанӣ мегардад.

Зимни изҳори сипос аз бурсияҳои таҳсилии давлати Чин, ки бо истифода аз онҳо имрӯз беш аз 5 ҳазор ҷавонони мо дар макотиби олии Чин таҳсил менамоянд, хостори баррасии имконияти зиёд намудани шумораи онҳо гардидем.

Мо аз тавсеа ва таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳо дар соҳаи дорусозӣ ва умуман, тандурустӣ, бахусус дар бахши пешгирӣ ва назорати эпидемияҳо, тибби муосир ва анъанавӣ ҷонибдорӣ намудем.

Тоҷикистон ҳамкории самарабахши худро бо Чин дар соҳаи амният муҳим медонад ва онро шарики боэътимод дар ин самт меҳисобад.

Ҳамкории мо ба хотири мубориза бо «се нерӯи бадӣ» — терроризм, ифротгарӣ ва ҷудоихоҳӣ, ҳамчунин, зуҳуроти тундгароӣ ва ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва киберҷиноятҳо, ҳамчунин, дар соҳаи таъмини амнияти иттилоотӣ густариш меёбад.

Мо аз натиҷаҳои мусбати ҳамдастии ҷонибҳо дар мавриди муқовимат ба таҳдиду хатарҳои глобалӣ қаноатманд буда, аз идомаи ҳамоҳангӣ ва ҳамкории мақомоти соҳавии давлатҳоямон дар ин арса ҷонибдорӣ менамоем.

Дар мулоқоти имрӯза оид ба масъалаҳои мубрами минтақавию байналмилалӣ мубодилаи муфассали афкор сурат гирифт.

Тоҷикистон ки ҷанги шаҳрвандиро аз сар гузаронидааст, ҳамчун кишвари сулҳпарвар ҷонибдори ҳаллу фасли осоиштаи ҳамаи низоъҳо мебошад.

Дар заминаи муҳокимаи вазъияти имрӯзаи минтақа қазияи Афғонистон мавриди таваҷҷуҳи мо қарор дошт.

Вобаста ба ин таъкид карда шуд, ки мо ҳамсояҳои Афғонистон ба истиқрори сулҳу субот дар он беш аз ҳама манфиатдорем ва дар ин раванд таъсиси ҳукумати воқеан ҳамашумулро омили калидӣ мешуморем.

Кишварҳои мо дар ҷаҳорчӯбаи Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҳамкории Шанхай ва дигар созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ ҳамкориҳои фаъол доранд.

Ду ҷониб тақвияти муколамаро дар доираи абзори Осиёи Марказӣ – Чин ба мақсади ташаккули шароити мусоиди барои пешрафту ободии минтақа созгор донистанд.

Мо ба мувофиқа расидем, ки муколамаи фаъоли сиёсиро аз рӯи тамоми маҷмӯи масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн идома диҳем.

Дар фарҷом бори дигар муҳтарам ҷаноби Раиси Ҷумҳурии Мардуми Чин ва ҳайати ҳамроҳашонро дар сарзамини Тоҷикистон “хуш омадед” мегӯям ва барояшон сиҳатмандӣ ва комёбиҳо орзу менамоям.

Итминон дорам, ки натиҷаҳои боздиди кунунии Шумо, дӯсти гиромӣ, аз Тоҷикистон ба рушду таҳким ва тақвияти муносибатҳои шарикии ҳамаҷонибаи стратегии мо такони қавӣ хоҳанд бахшид.

Акнун бо камоли майл риштаи суханро ба Шумо, дӯсти гиромӣ, медиҳам.

Июль 5, 2024 19:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар Анҷумани 15-уми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо корҳои анҷомёфта дар ободонию навсозии хиёбони Исмоили Сомонӣ ва пули мошингард дар болои дарёи Душанбе шинос шуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо кормандони мақомоти судӣ
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Прокуратураи ноҳияи Синоро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои Муассисаи давлатии Филармонияи давлатии Тоҷикистонро баъди навсозӣ ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони мақомоти судӣ мулоқот намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди бинои нави Кумитаи андоз санги асос гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳамдардии Пешвои миллат бинобар даргузашти Низорамо Зарипова
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид